Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти ҳамсари Сангак Сафаров аз шароити дидорбинӣ бо писари зиндониаш


Хонуми Сангак Сафаров - собиқ раиси Фронти халқии Тоҷикистон аз маҳдудиятҳои эъмолшуда ҷиҳати расонидани дастовез ба писари зиндониаш Нурмуҳаммад шадидан изҳори нигаронӣ мекунад. Давлатмо Хоҷаева - хонуми Сангак Сафаров, ки ҳамроҳ бо духтар ва чанде дигар аз наздикони афроди маҳкум ба ҳабси абад аз шаҳри Кӯлоб субҳи имрӯз бо намояндагони боздоштгоҳи муваққати Душанбе мулоқот доштааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, баъди ворид кардани ислоҳот ба Кодекси иҷрои ҷазо дар моҳи июни соли ҷорӣ масъалаи дидорбинӣ бо маҳбусони якумрӣ ва додани дастовез (передача) ба онҳо мушкил шудааст.

Ин хонум мегӯяд, ки баъди татбиқи ин банди қонун онҳо ҳатто ба саломатӣ ва сиҳатии фарзанди худ шубҳа доранд. Зеро бори охирон се моҳ қабл муяссар шуда будааст, ки барои фарзанди худ дастовез бидиҳанд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар таърихи 7 апрели соли 2009 Сӯҳроб Лангариев, домоди фармондеҳи аввали Фронт Сангак Сафаровро ҳамроҳ бо 7 тан аз шариконаш бо ҷурми даст доштан дар мухолифати мусаллаҳона алайҳи давлат, қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ва марзшиканӣ ба зиндони умрбод маҳкум кард. 11 муттаҳами дигар дар иртикоби ин парванда аз 6 то 21 сол ҳукми зиндон гирифтанд. Нурмуҳаммад Сафарови 22-сола, фарзанди Сангак Сафаров, низ ҳамроҳ бо Сӯҳроб Лангариев ҳукми ҳабси абад гирифт.
XS
SM
MD
LG