Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози мардуми Венгрия аз поймолшавии демократия аз ҷониби ҳизби ҳоким


Дар Будапешти Венгрия имрӯз даҳҳо ҳазор сокини ин кишвар ба нишони эътироз аз ҳизби ҳоким, ки, ба қавли мардум, даст ба поймолкунии муқаррарори демократӣ мезанад, раҳпаймоӣ мекунанд. Эътироз баъди он шурӯъ шуд, ки нахуствазир Виктор Орбан ва меҳмонҳои ӯ дар театри операи маҳаллӣ қабули сарқонуни навро таҷлил карданд. Эътирозгарон мегӯянд, ки Орбан қудратро ғасб карда кишварро ба самти диктотурӣ мебарад. Дар шиорҳои эътирозгарон исми нахуствазир чун “Виктатор” ба забон оварда шуд. Мунаққидон мегӯянд, ки конститутсияи нав, ки тоза ба ҳукми иҷро даромад, низоми демократии кишварро халалдор сохта назорати сиёсиро аз болои низоми додгустарӣ, бонкдорӣ, гурӯҳҳои мазҳабӣ ва матбуот афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG