Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои нируҳои дарёии Эрон дар Ҳурмуз поён ёфт


Мушаки соҳил ба дарёи "Қодир"
Мушаки соҳил ба дарёи "Қодир"
Дирӯз Эрон ду мушаки дорои бурди 200 километрии худро дар ҷараёни машқҳои нируҳои дарёӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз мавриди озмоиш қарор дод. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш кишварҳои ғарбӣ бар зидди Эрон таҳримҳои нави иқтисодӣ ҷорӣ карданд. Матбуоти Эрон аз номи Маҳмуд Мусавӣ-муовини фармондеҳи нируҳои дарёии ин кишвар хабар доданд, ки мушаки соҳил ба дарёи “Қодир” ва мушаки замин ба замини “Наср” дирӯз дар охири рӯз мавриди озмоиш қарор гирифтаанд. Дирӯз охирин рӯзи машқҳои нируҳои дарёии Эрон буд ва 10 рӯз давом кард. Қаблан Эрон таҳдид карда буд, ки дар рӯзҳои машқи низомӣ гулӯгоҳи Ҳурмузро хоҳад баст. Аз ин гулӯгоҳ 40 дарсади нафти ҷаҳон интиқол меёбад. Вале Амрико посух дод, ки намегузорад, то машқҳо дар наздикии хати стротегӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG