Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури хориҷии Эрон ба Душанбе сафар мекунад


Мақомоти расмӣ мегӯянд, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон моҳи оянда бо як ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Хабаргузории ИСНА аз қавли Алӣ Асғар Шеърдӯст, сафири Эрон дар Душанбе навиштааст, сафар бо даъвати мақомоти Тоҷикистон сурат мегирад ва дар ҷараёни он ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи сафир, ҳамчунин қарор аст, раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар таҷлили ҷашни Наврӯзи имсол дар Душанбе ширкат кунад ва дар рӯзҳои ҷашнӣ маркази фарҳангии “Хонаи Эрон” дар пойтахти Тоҷикистон боз шавад.
XS
SM
MD
LG