Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши ҷомеа ба қатли Парвиз Давлатбеков


Парвиз Давлатбекови 24-сола (Акс аз саҳфаи Фейсбук гирифта шудааст)

Парвиз Давлатбекови 24-сола (Акс аз саҳфаи Фейсбук гирифта шудааст)

Ҷиноҳи ҷавонони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон куштори Парвиз Давлатбековро маҳкум кард.

Адҳам Мирсаидов, раҳбари ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ -- “Созандагони Ватан” гуфт, онҳо аз ин ҳодиса нигарон буда, омилони онро "ҷавонони бехабар аз худшиносиву арзишҳои миллӣ" медонанд.

Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки дар бар либоси "Бобои барфӣ" дошта, барои муборакбодии наздиконаш мерафт, шаби 31 декабр дар маҳаллаи Синои пойтахт аз зарби корди чанд тан аз ҷавонҳо сахт маҷрӯҳ шуда, пас аз як рӯз вафот кард.

Бархе аз расонаҳои дохилу хориҷи Тоҷикистон навиштанд, гурӯҳе аз ҷавонҳо нафареро, ки дар тан либоси "Бобои барфӣ" дошт, бо нидои "ту кофирӣ" куштаанд.

ВКД: "Куштори "Бобои барфӣ" ҷанбаи мазҳабӣ надорад"

Маҳмадулло Асадуллоев

Маҳмадулло Асадуллоев

Аммо Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷанбаи мазҳабӣ доштани куштори Парвиз Давлатбековро рад кард. Маҳмадулло Асадуллоев, раҳбари дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гуфт, афроде, ки ба Парвиз дарафтода ва ба ӯ ду корд зада буданд, дар ҳолати мастӣ қарор доштанд. Ба қавли сухангӯи ВКД, ҳоло се тан аз ин афрод, ки яке аз онҳо донишҷӯи соли саввуми Донишгоҳи миллӣ мебошад, ҳамчун гумонбар боздошт шуда ва ду нафари дигар таҳти пайгард қарор доранд.

"Гумонбаршудагони ҳамла ба "Бобои барфӣ", донишҷӯи соли саввуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шараф Давлатов бо ҳамроҳии ду рафиқаш Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев буда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ВКД ба сар мебаранд",-гуфт ҷаноби Асадуллоев.

Ба қавли хешовандони Парвиз Давлатбеков, ӯ ҷомаву кӯлоҳи “Бобои барфӣ” дар тан ҳамроҳи се нафар аз дӯстонаш барои таҷлили Соли нав аз маҳаллаи Синои пойтахт мехост барои табрики мардум ба ҷойҳои серодам биравад. Аммо дар роҳ бо гурӯҳи ҷавонон дучори муноқиша мешаванд, ки дар натиҷа бо чандин зарбаи корд ба беморхона интиқол дода мешавад.

Парвиз Давлатбеков ҳамчун иқтисоддон дар намояндагии яке аз ширкатҳои Аудити байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекард.

Наздикони Парвиз мегӯянд, афроди ҳамлавар ба Парвиз ҳудуди сӣ нафар будаанд, ки аслан либоси "Бобои барфӣ" дар тани ӯ хушашон наёмадааст. Бо вуҷуди он ки Парвиз Давлатбеков ба онҳо мефаҳмонад, ки Соли нав асту ӯ барои табрики хешовандонаш меравад, гурӯҳи ҷавонон, ки дар миёнашон талабаҳои мактаб низ будаанд, ба ӯ ҳамла мекунанд.

Назари пайвандони Парвиз Давлатбеков

Дар акс: Рустами Ҷонӣ (нафари аввал аз тарафи чап)

Дар акс: Рустами Ҷонӣ (нафари аввал аз тарафи чап)

Рустами Ҷонӣ, сардабири радиои "Имрӯз", ки аз наздикони Парвиз Давлатбеков ҳаст, мегӯяд, ин ҳодиса дар даромадгоҳи манзили зисти Парвиз дар кӯчаи Сино рух додааст: "Ин гурӯҳ аз 24 то 30 нафар будаанд. Ба онҳо сару либоси "Бобои барфӣ"-и Парвиз хуш намеояд ва бо ҳамин муноқиша сар мезанад, ки се зарбаи корд ба Парвиз мезананад. Яке аз рагҳои меъда бурида мешавад, духтурҳо натавонистанд илоҷе кунанд ва ӯ дар беморхона ҷон дод. Лекин ин гурӯҳи авбош пас аз ин ҳодиса боз зургӯиву таҳқири мардумро дар дигар маҳаллаҳои шаҳр идома медиҳанд."

Ҳодисаи мазкур дар маҳалле рух дод, ки дуртар аз он Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино қарор дорад. Муҳаммадуллоҳ Асадуллоев аз як ҳодисаи даҳшатноки дигар дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт хабар дод, ки дар соатҳои наздик ба фарорасии Соли нав ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба қавли ҷаноби Асадуллоев, як корманди идораи гармидиҳии шаҳрро аз даромадгоҳи манзили зист пайдо мекунанд, ки бо гардани бурида хобида буд: "Пас аз корҳои ҷустуҷӯӣ маълум шуд, ки ба ин ҷинояти мудҳиш Ринат Грапов, ки соли 2007 ба ҳабс кашида шуда буд, даст задааст. Вай корманди Шабакаи гармидиҳии шаҳр Алесандр Слезнёвро бо корд ҳафт зарба дар шикаму қафаси сина ва гарданаш зада мехост фирор кунад. Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ аст ва парвандаи ҷиноии ӯ таҳқиқ мешавад."

Навбатдорони шӯъбаҳои умури дохилаи шаҳр ва баъзе аз сокинони пойтахт хабар медиҳанд, ки шаби 31-уми декабр ба якуми январ чанд тан аз сокинонро, ки аксарашон ҷавон ҳастанд, бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхонаҳои шаҳр оварда шудаанд.

Бо вуҷуди ин ки мақомоти қудратии кишвар дар рӯзҳои омодагӣ ба Соли нави мелодӣ интиқоли маводи оташбозиро манъ карда буданд, дар лаҳзаи ворид шудани Соли нав, тақрибан аз тамоми гӯшаҳои шаҳр садои таркишу шӯълаҳои оташбозӣ шунидаву дида мешуд.

Дар зимн, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар суҳбат бо расонаҳо таҷлили Соли нави мелодиро як расми бегона ва хилофи дини ислом шарҳ дода даъват кард, ки аз он таҷлил накунанд. Вале аксари мардуми Тоҷикистон ин идро бо иштиёқ истиқбол карданд ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар лаҳзаи фарорасии Соли нав аз тариқи телевизиони кишвар мардумро табрик намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG