Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз афрод бар инанд, ки дин дар СССР озод буд, вале дигарон мегӯянд, ин озодӣ фақат намуди зоҳирӣ дошт.

Вақте ки болшевикҳо бо сарварии Владимир Илич Ленин ба сари қудрат омаданд, аввалин кореро, ки анҷом доданд, бастани дари калисову масҷид ва куништу дайрҳои қаламраве буд, ки зери тасарруф дароварданд. Дин дар ин паҳно дигар лозим набуд, зеро ба нақша ва маромҳои коммунистон мухолифат дошт.

Идеологияи ҳукумате, ки худро моли коргару деҳқон меномид, материализми марксистӣ ва диалектикӣ буд ва динро рад
Албатта, омилҳои иқтисодӣ ҳам буданд, вале омили асосӣ ҳамин буд, ки дар муқобили дину ойин муборизаи шадид бурданд...

мекард. Шиори машҳури "Дин афюн аст" сари ҳар қадам ба назар мерасид ва диндорон даста-даста ҳадафи террору бадарғаву бадбинӣ қарор мегирифтанд. Сарвату моликияти ҷомеаҳои мазҳабӣ ба хазинаи давлати болшевикҳо мерехт ва иқтисодиёти онҳоро ба чархиш меовард.

Танҳо дар давраи Ҷанги ҷаҳонии дувум раҳбари Шӯравӣ, Иосиф Сталин, фишори рӯи динро сабуктар кард, то аз нуфузи рӯҳониён дар ин ҷанг истифода кунад. Баъдан як андоза озодиҳои динӣ барои солмандон боқӣ монд, аммо сиёсати ленинии зиддинӣ дар шаклҳои гуногун идома пайдо кард.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, ки то замони фурӯпошии Шӯравӣ қозии мусулмонони ҶШС Тоҷикистон буд, бар ин назар аст, ки воқеан таълимоти коммунистҳо, ки решаи рӯҳонӣ надошт ва сирф дунявӣ буд, яке аз омилҳои ҷидии шикасти ин импературӣ шуд.


Вай мегӯяд: «Албатта, омилҳои иқтисодӣ ҳам буданд, вале омили асосӣ ҳамин буд, ки дар муқобили дину ойин муборизаи шадид бурданд, ки билохира мардумро аз фарҳанги динӣ дур кард. Дар ивази он як фарҳанге, ки ҷойгузини фарҳанги динӣ бошад, оварда натавонистанд, зеро дода ҳам наметавонистанд, аз ин хотир шикаст хӯрданд.»

Айни ҳамин андешаро раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, узви Маҷлиси намояндагони кишвар Муҳиддин Кабирӣ дар ин пурсиши видеоӣ иброз доштааст:



Ҳамин нуктаро, ки бехудоӣ марксизмро ба шикаст рӯбарӯ хоҳад кард, ҳанӯз аз тарафи мутафаккири саршиноси исломӣ Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки солҳои ахири зиндагиаш ба даврони шуравӣ рост меояд, шадидан танқид кардааст.

Кардаам андар мақомоташ нигоҳ,
Ло салотин, ло калисо, ло илоҳ.


Дар ҷое Муҳаммад Иқбол Ленинро ҳамчун инсоне, ки тавонист ҷаҳонро иваз кунад тавсиф мекунад, вале мегӯяд, ки "ҳикмати ин пайғамбари ҳақношинос, бар масобеҳи шикам дорад асос." Ва дар ҷои дигар меафзояд, ки русҳо "тарҳи наве андохтанд", "обу нон бурданду дин дарбохтанд".

Ва аммо онҳое ки бахши аъзами умри худро дар замони шӯравӣ сипардаанд, ҳанӯз ҳам бо ҳавасу ҳасрат аз ин ҷомеаи ба истилоҳ «сағирапарвар» ёд мекунанд, бо таассуф аз фурӯпошии он меноланд.

Ба қавли устоди Донишгоҳи милии Тоҷикистон, Абдуллоҳи Роҳнамо агар ба осоре, ки ба масъалаи шикасти Шӯравӣ бахшида шудааст, назар андохта шавад дар се бахш мешавад, ин ҳама назарҳоро дастабандӣ кард.

Агар бахши аввал ба омилҳои иқтисодии шикасти Шӯравӣ марбут бошад, бахши дуввум ба омили идеологӣ рабт мегирад, яъне сарфи назар кардани ниёзи фитрии инсон ба арзишҳои динӣ. Бахши савум нодида гирифтани арзишҳои фарҳангии халқҳои қадимаи қаламрави Шӯравӣ, ба мисли тоҷикон, арманҳо, гурҷиҳо ва ғайра мебошад.

Ҷаноби Роҳнамо меафзояд: «Манзури мо аз ин дастабандӣ танҳо аз назари ҷаҳони исломӣ нест, аз назари муҳаққиқони ғарбӣ низ чунин аст, ки маҳз дар назар

нагирифтани дин ва талаботи динии мардум бо вуҷуди таъмин кардани имкононоти зиёди моддӣ барои қишрҳои ҷомеа, манъ доштани дин ва мухолиф будан бо дин ҳамеша норизоиятии фитрии мардумро ба вуҷуд меовард."

Ба ақидаи донишманди тоҷик дар натиҷа як муҳити дугона ба вуҷуд омада буд, ки одамон дар байни ҷомеа моддигароӣ мекарданд, вале дар хона фароизи мазҳабии худро адо менамуданд. "Чунин норизоиятии фитрии мардум дар баробари таълимоти ғайридинӣ кора кард ва ин сохтро фурӯ афтонд."

Пурсида мешавад, ки чаро атеистҳо ва агитаторҳои Ҳизби комунист натавонистанд таълимоти материалистиро дар ивази таълимоти диние, ки ҳазорсолаҳо ба зеҳни мардум ҳокимият дошт, ҷойгузин кунанд?

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, шояд сабабҳои шикасти замони шуравӣ омилҳои беруниву дарунии зиёд дошта бошад, аммо таълимоти материалистии замони шӯравӣ, ки исботи вуҷуди худоро наёфта буд ва исботи биҳишту дӯзахро дарнаёфт, аз лиҳози идеологӣ созгор ба ҳамон ҷомеа буд.

Ба назари Шодӣ Шабдолов, шӯравӣ шояд ягона ҷомеае буд, ки назираш то кунун набошад. Мардум хушбахтии худро, хотири ҷамъи худро маҳз дар ҳамон даврон медиданд ва ҳанӯз ҳам инро мегӯянд.

«Медонед, як дӯсти наздикам гуфт, ки чаро шумо, коммунистҳо ба худо бовар надоред? Гуфтам, ки далелат чӣ аст? Кӣ дидааст? Гуфт, ки касе надидааст, вале гуфт, ки атеистҳо ҳам ба мисли дигарҳо умед доранд. Бовар кунед, ман бар зидди

дин нестам, мухолифи ягон мазҳаб ҳам нестам, ҳар нафар ҳуқуқи эътиқод дорад, вале ман ба он чизе ки сабт нашудаасту дақиқ нашудаасту исботи худро наёфтааст эътимод надорам. Кӣ дидааст худоро? Дар куҷост он? Таълимоти Маркс, Энгелс, Ленин ва Сталин таърихи 100 сола надорад, балки ду ҳазор сол пеш дар Юнон, дар Миср ва дар Бағдод чунин таълимот вуҷуд дошт.»

Шодӣ Шабдолов меафзояд, ки то кунун ҳеҷ касе натавонистааст таълимоти Чарлз Дарвинро, ки инсон дар натиҷаи эволютсия аз маймун пайдо шудааст, рад кунад. Вай меафзояд: «Бедил дуруст мегӯяд, ки «ҳеҷ чизе бе ҳаюло қобили сурат нашуд, одамӣ ҳам, пеш аз он, к-одам шавад, бузина буд», бубинед инсон мӯй дорад? Дорад. Баъзе одамҳо дум доранд. Ва сад дар сад одам аз маймун ба дунё омадааст ва дар натиҷаи ташаккул ёфтан ба инсон бадал гаштааст."

Мирзомуҳаммадии Навид, як рӯшанфикри исломии Тоҷикистон ёдовар мешавад, ки дар он солҳо таъқиби коммунистҳо ба ҳадде сахт буд, ки ҳангоми таробеҳ намозгузорон нафарони махсусеро дидбон таъйин мекарданд, то аз омадани намояндаҳои амниятӣ ё ҳизбӣ онҳоро огоҳ кунанд.

Баъд аз 20 соли фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави пешини он, ба вижа Тоҷикистон, озодии виҷдон фароҳам омад. Садҳо масҷиди нав бунёд шуда, сафи намозгузорон ба ҳазорон нафар расид ва баъзе аз атеистҳо низ ба дин рӯ оварда, ба намозгузорӣ шурӯъ карданд. Қонуни озодии дин тадриҷан ба динҳои дигар дар

Тоҷикистон низ роҳ кушод ва чандин оину мазҳаби барои тоҷикон нав, ба монанди «Шоҳидони Яҳуво», «Сонмин», «Адвентистҳои рузи ҳафтум», «Баптист»-ҳо ва ғайра аз миёни тоҷикон садҳо пайрав пайдо карданду рӯ ба густариш доранд.

Омӯзиш ва иҷрои фароизи исломӣ низ густура ва умқи бештар касб карда, бахши аъзами уммати ислом шукргузори ин озодиҳо буданд. Вале тасвиби Қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбия фарзанд, ки ширкати наврасону ноболиғонро дар маъракаҳои умумии динӣ маҳдуд кард, эътирози зиёди мусулмонон ва насрониёнро ба вуҷуд овард.

Ин қонунро созмонҳои байнулмилалӣ низ бо ишора ба маҳдудиятҳои озодии дин ҳадафи танқид қарор доданд. Аммо мақомоти давлат ҳам ин тарҳ ва ҳам бозгардони ҷавонон аз мадориси динӣ дар кишварҳои хориҷиро чораҳои эҳтиётӣ дар муқобили гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав медонанд. Аммо коршиносон мегӯянд, ҳукумат ба маҳдуд кардани ислом ҳамчун як идеологияи берун аз назораташ худро манфиатдор медонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG