Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайатҳои Исроилу Фаластин дар Урдун мулоқот мекунанд


Эълон шудааст, ки ҳайатҳои музокироти Исроилу Фаластин дар давоми бештар аз як сол бори аввал барои баррасии дурнамои сулҳи батаъвиқафтода бо ҳам мулоқот мекунанд. Мақомот мегӯянд, ки ин мулоқот рӯзи сеншанбе дар Урдун як ҷо бо мулоқоти чаҳоргонаи байналмиллалии сулҳи Ховари Миёна, яъне бо Иттиҳодияи Аврупо, Русия, СММ ва Амрико баргузор мешавад. Бино ба хабари ин манбаъ, мулоқоти ҷонибҳои Исроилу Фаластин ҷаласаи расмии музокирот нахоҳад буд. Музокироти ҷонибҳо моҳи сентябри соли 2010 қатъ шуда буд. Фаластиниҳо мегӯянд, танҳо замоне музокиротро аз сар мегиранд, ки агар Исроил бунёди маҳаллоти яҳудинишинро дар каронаи ғарбии рӯди Урдун қатъ кунад. Вале Исроил мегӯяд, ки ин музокирот набояд пешшарт дошта бошад.
XS
SM
MD
LG