Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти кушташудаи Маскав номаълум боқӣ мондааст


Дар шаҳри Маскав субҳи Соли Нав дар кӯчаи Красноказарменная, ноҳияи Лифертовои Маскав як нафар кушта шудааст. Матбуоти Русия хабар додааст, ки ин кушташуда шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Вале Саид Боев-сухангӯи намояндагии Хадамоти Муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ки аз маҳали ҳодиса боздид кардааст ва бо мақомоти интизомии маҳал мулоқот доштааст, дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки шахсияти ин шаҳрванд то ҳол номаълум боқӣ мондааст, зеро вай бо худ ҳуҷҷате надоштааст. Ҳамсоягон низ ин кушташударо нашинохтаанд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад, то шахсияти вай, қотилон ва сабабҳои кушторро рӯшан кунанд.
XS
SM
MD
LG