Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои солинавии хонандагони торнамои “Озодӣ”


Дар рӯзҳои таҷлил аз Соли нави милодӣ чанде аз хонандагони торнамои “Озодӣ” паёми табрикотӣ фиристодаанд.

Аммо бархе аз онҳо бо номаи табрикотӣ иктифо наварзида, аз як соли кори хабарнигорони радио ва торнамои "Озодӣ" ҳам натиҷагирӣ кардаанд. Албатта, он чизе, ки онҳо навиштаанд, назар ва бардошти эшон аст.

"ОЗОДӢ" ҶОИ ТЕЛЕВИЗОНҲОРО ГИРИФТ"

Ҳусниддин дар рӯзи Соли нави милодӣ ба унвонии Радиои Озодӣ нома фиристода ва назару табрикоти худро ин гуна баён доштааст:

"Соли озодӣ муборак. Зиҳӣ торнамои "Озодӣ", ки бартар аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар дили мардум роҳ ёфтаӣ. Имрӯз вақте дар баландтарин мавзеи мардумнишини кӯҳистон ҳам чун сӯҳбат дар бораи ҳодисае меравад, мӯйсафедону кампиракон мепурсанд, ки дар "Озодӣ" чӣ мегӯянд? Имрӯз ҳатто навраси деҳот ҳам, ки аз пули тухм ё як дарза алафи фурӯхтааш "баланс" (ҳисоб)-и телефонашро пур мекунад, ҳамоно ба торнамои Шумо даромада сухани худро мегӯяд. Маҳбубият муборак!"

"БА КОРИ ХУД ИДОМА ДИҲЕД"

Хонандае дигар бо номи Ҷамшед кормандони радио ва торнамои "Озодӣ"-ро ба Соли нави милодӣ чунин табрик гуфтааст:

“Тамоми кормандони Радиои Озодиро бо соли нав муборакбод менамоям! Илоҳо, ҳеҷ вақт танатон дардро набинаду хонадонатон обод бошад! Илоҳо, дар соли 2012 чун монанди соли 2011 мақолаҳои боз ҳам хубтару ҳақиқатҷӯёна нашр бикунед. Аз фурсати басо муносиб истифода бурда гуфтаниям, ки дар ин соли гузашта дар ҳақиқат кормандони радио хуб кор карда, барои ободу озод кардани кишвар меҳнат карданд ва умедворам, ки дар ин соли нав низ ҳаракат мекунанд, то ин амали худро идома диҳанд! Соли нав муборак бошад, дӯстони арҷманд!"
XS
SM
MD
LG