Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 ҳукми абад ба қотили зодагони Тоҷикистон


Додгоҳи Исроил шаҳрванди Русия Дмитрий Карликро бо ҷурми қатли 6 узви як хонаводаи зодаи Тоҷикистон ба 6 ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳ Карликро дар қатли ҳадафмандона ва хунсардонаи Эдуард Ушеренко, ҳамсараш Людмила, писару келин ва ду набераи ӯ муҷрим шинохт. Аъзои ин хонавода, ки аз Тоҷикистон ба Исроил кӯчида, дар инҷо як тарабхона доштанд, 17 октябри соли 2009 кушта шуданд. Соле пеш ҳамсари Карлик Наталя низ бо ҷурми ҳамдастӣ дар ин куштори бераҳмона ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд.
XS
SM
MD
LG