Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Иҷоза намедиҳем, гулӯгоҳи Ҳурмуз баста шавад"


Фаронса гуфт, Эрон қонунҳоеро, ки убури киштиҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмузро тазмин медиҳанд, муроот кунад.

Ин даъват дар ҳолест, ки тайи ду рӯзи охир ду мақоми аршади сиёсӣ ва низомии Эрон ҳушдор доданд, ки дар сурати эъмоли таҳримҳо рӯи содироти нафти Эрон, ин кишвар метавонад ҷиҳати бастани ин гулӯгоҳи муҳим дар амри ҳамлу нақли нафт аз халиҷи Форс иқдом кунад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса Бернар Валеро гуфт, тангаи Ҳурмуз як гулӯгоҳи байналмилалист ва ”ба ин далел тамоми сафинаҳо, сарфи назар аз он ки таҳти кадом парчаме шино мекунанд, бояд ҳаққи убуру мурур аз онро дошта бошанд.” Сухангӯи артиши панҷуми дарёии Амрико, мустақар дар Баҳрайн, низ гуфт, ки ягон навъ ихлол дар убуру мурури киштиҳоро таҳаммул нахоҳанд кард.

Рӯзи сешанбе ноиби аввали раисиҷумҳури Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ ҳушдор дод, ки “агар (Ғарб) ба таҳрими содироти нафти Эрон иқдом кунад, ягон қатра нафт аз тангаи Ҳурмуз нахоҳад гузашт.” Рӯзи чоршанбе фармондеҳи аршади нерӯҳои баҳрии Эрон Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ гуфт, дар сурати зарурат, бастани ин гулӯгоҳ кори хеле содда аст ва, ба таъбири ин дарёсолори эронӣ, ҳатто “осонтар аз нӯшидани як пиёла об.”

Танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз ҳамагӣ 54 километр бар дошта, халиҷи Форсро бо халиҷи Уммон ва ҳамин тариқ, ба уқёнуси Ҳинд мепайвандад. Обҳои ин гулӯгоҳ дар шимол марзи Эронро ва дар ҷануб марзҳои Уммону Имороти муттаҳидаи Арабро мешӯянд. Бино ба ҳисобҳо, сеяки тамоми нафти аз баҳр кашидашудаи дунё ва шашяки тамоми нафти ҷаҳон тавассути Ҳурмуз ҳамлу нақл мешавад.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон
Раддубадалҳои ахири лафзӣ пиромуни эҳтимоли бастани тангаи Ҳурмуз дар ҳолест, ки Эрон аз чанд рӯзи пеш дар обҳои байналмилалӣ дар шарқи ин гулӯгоҳ ба машқҳои даҳрӯзаи нерӯҳои баҳриаш пардохтааст. Мавзӯи эҳтимоли эъмоли таҳримҳо рӯи содироти нафти Эрон аз як моҳи пеш ба дунболи нашри гузориши ахири Оҷонси байнулмилалии назорати нерӯи ҳастаӣ доғтар шуд. Ин гузориш мегӯяд, ки Теҳрон зоҳиран рӯи сохтани бомби ҳастаӣ кор мекунад. Эрон ин иттиҳомро шадидан рад мекунад ва бо исрор мегӯяд, ки ҳадафаш аз таъқиби барномаҳои ҳастаӣ сулҳомез ва фақат тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.

Мансури Кашфӣ, коршиноси масоили энержӣ ва устоди донишгоҳ дар иёлати Техаси Амрико мегӯяд, ки маҳз эҳсоси наздик шудани хатари таҳримоти наву сангинтар давлати Эронро ба иқдомоти тунде, чун таҳдиди бастани тангаи Ҳурмуз таҳрик медиҳад: “Инро бояд дар мадди назар дошт, ки таъсири равонӣ дар ҷомеаи Эрон хоҳад дошт ва мушкил ба назар мерасад, ки Эрон битавонад муқовимат кунад.

Мақомоти эронӣ қаблан гуфта буданд, ки таҳрими содироти нафти Эрон бозори маводи сӯхти дунёро ба ҳам хоҳад зад ва нархи нафт яқинан бамаротиб афзуда, ба тахмини Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон, шояд ҳатто ба 250 доллар барои ҳар бушка бирасад. Аммо Мансури Кашфӣ мегӯяд, бозори ҷаҳонӣ аз чанд муддат ба ин сӯ худро аз нигоҳи зеҳнӣ ба эҳтимоли эъмоли таҳримот рӯи фурӯши нафти Эрон омода мекунад ва харидорони умдаи нафт, аз ҷумла Чину Ҳинд, нафтро аз пеш хеле захира ҳам карданд.

Ӯ мегӯяд, баъид аст, ки бастани бозори ҷаҳонӣ ба рӯи нафти Эрон боиси хези башиддати қимати ин навъи маводи сӯхт дар ин бозор шавад: “Масъалаи таҳрими нафти Эрон чанд моҳ боз сӯҳбат мешавад ва зеҳнияти бозори нафти дунё тақрибан омода аст барои ин. Албатта, як миқдор қимати нафт боло меравад ва шояд ба 120 доллар бирасад. Вале ба таври куллӣ қабл аз чунин коре заминаро омода карда, аз кишварҳои арабӣ замонат ҳам гирифтаанд, ки камбуди нафти Эронро дар бозор ҷуброн кунанд. Онҳо тавонашро ҳам доранд.”

Ба назари марказҳои таҳлилӣ, бастани тангаи Ҳурмуз Эронро ба домани як низои нави низомӣ дар халиҷи Форс хоҳад кашонд, ки дар ҳоли ҳозир ҳавас ва ҳам имкони ба чунин низоъ печондани худро на Эрон дорад ва на қудратҳои ғарбӣ. Ба ин далел, ба гумони ағлаб, баҳси бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз аз ҳамин чордевори барои ҳама безарари радубадалҳои лафзӣ берунтар нахоҳад ҷаст.
XS
SM
MD
LG