Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор ба Хоманаӣ. Оё раҳбар мешунавад?


Муҳаммад Нуризод, рӯзноманигори саршиноси эронӣ
Муҳаммад Нуризод, рӯзноманигори саршиноси эронӣ

Рӯзноманигори маъруфи эронӣ Муҳаммад Нуризод аз шахсиятҳои диниву миллии кишвараш даъват кардааст, ки ба Алии Хоманаӣ нома нависанд ва ба ӯ аз паёмадҳои сиёсаташ ҳушдор диҳанд.

Худи Нуризод то ҳол ба нишонии Хоманаӣ 15 нома навишта ва барои ин кораш ба зиндон кашида шудаву мавриди шиканҷа ҳам қарор гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки Муҳаммади Нуризод замоне аз раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ситоиш мекард ва дар “Кайҳон” - рӯзномаи машҳури ҷонибдори давлат яке аз кормандони аслӣ ба шумор мерафт. Дар гуфтугӯе аз Муҳаммади Нуризод пурсидем, ки чаро аз мардум даъват кардааст, то ба раҳбар нома бинависанд?

Муҳаммад Нуризод: "Мо тибқи Қонуни асосии Ҷумҳурии Исломӣ метавонем ҳамаи масъулинро интиқод кунем. Тибқи қонунҳо раҳбар ҳам як узви ҷомеа аст, бо масъулиятҳои фаровон. Табиист, ки ба хотири ин масъулиятҳои фаровон бояд посухгӯ ҳам бошад. Вале, муттаассифона, дар ҳоле ки аз инқилоби мо ҳудудан 33 сол гузаштааст, ин ҳақ аз тарафи мардум, ки иштиёқ доштанд анҷом шавад, вале аз тарафи масъулин таҳаммул нашуд, яъне масъулин иҷоза надоданд, ки як фарди рустоӣ, як коргар, як муҳандис ё як пизишк ба роҳатӣ битавонад бо раҳбар номанигорӣ кунад, навиштаеро дар рӯзнома биёрад ва интизори посух дошта бошад. Муттаассифона, ин дар ҷомеаи мо амалӣ нашуд. На танҳо амалӣ нашуд, балки дастгоҳҳои амниятӣ, иттилоотӣ ва зиддиҷосусӣ нисбат ба ин ки касе номаи ошкор ба раҳбар нависад, ҳассосият нишон доданд. Масалан, худи банда баъд аз се номаи ошкор ба раҳбар, ба зиндон бурда шудам ва ба хотири ин ки дар мавзеи худам пойдорӣ кардам, маъмурони вазорати иттилоот мавриди озор қарор доданд."

Суол: Дар ин номаҳое, ки аз мардум дархост кардаед, то ба раҳбар бифиристанд, чӣ масъалаҳо матраҳ хоҳанд шуд?

Муҳаммад Нуризод: "Мо инқилоб кардем, ки зишт набошем. Зиштиро ривоҷ надиҳем. Зишткор набошем ва аз зиштӣ ҳимоят накунем. Инҳоро мо дар номаамон навиштем ва моро таҳаммул накарданд ва ман, масалан, ба зиндон афтодам. Ман дар ин номаҳо аз ин шахсиятҳо хостаам, ки раҳбарро аз ривоҷи зиштӣ ҳушдор бидиҳанд."

Суол: Номаҳое, ки мардум ба оқои Хоманаӣ мефиристанд, ба назари Шумо чӣ натиҷа хоҳанд дод ва Шумо чӣ натиҷаеро интизор ҳастед?

Муҳаммад Нуризод: "Ҳадди ақал натиҷае, ки мо бо навиштани ин номаҳо мегирем, шикастани як девори бедалели бетонӣ мебошад, ки дар атрофи раҳбар кашида шудааст. Мо нишон медиҳем, ки метавонем ба раҳбар нома бинависем ва аз ӯ интизори посух бошем, бидуни ин ки касе бо мо коре дошта бошад, бидуни ин ки моро ба зиндон биандозанд. Дар айни ҳол ман аз ҳама хостаам, ки бо раҳбар мӯҳтарамона сӯҳбат кунанд, носазову зиштӣ ба миён наоранд."

Суол: Оқои Нуризод, то ҷое, ки иттилоъ пайдо кардем, Шумо замоне васфу ситоиши раҳбарро мекардед, чаро ҳоло аз он ҷабҳа канор рафтед ва акнун бар зидди вай ҷабҳагирӣ мекунед?

Муҳаммад Нуризод: "Хуб, инқилоби мо ҷавон буд. Масъулини мо ниёз ба ҳимоят доштанд. Ман ба нияти он ки дар як замоне бояд ҳимоят кунам, то ин инқилоб пойбарҷо шавад, масъулин дар ҷои худашон биншинанд, эҳсос мекардам, ки бояд аз раҳбар ҳимоят кунам. Аммо, муттаассифона, дар ин рӯзҳо дидам бо чашм, ки мардумро заданд, куштанд, ҳуқуқи онҳоро зоеъ карданд, зиндагии мардумро ғорат карданд, тахриб карданд. Ин ҷо буд, ки банда дигар далел надоштам ба он ҳама ҳимояти собиқ."

Суол: Чун ҳоло дар дохили Эрон ҳастед, фикр намекунед, ки фишор бар Шумо сахттар хоҳад шуд?

Муҳаммад Нуризод: "Ба ҳар ҳол, мо барои он ки ҷомеамонро ба самте бибарем, ки барои фарзандонамон фазои хубу фароху зебое бошад, бояд ҳазина бипардозем. Эроде надорад, бале, банда ва хонаводаам осеб мебинем, таҳти фишор ҳастем, моро озор медиҳанд. Аммо бояд заҳмат бикашем, бояд тавре рафтор кунем, ки фарзандонамон дар оянда зиндагии матлуб ва озоде дошта бошанд."
XS
SM
MD
LG