Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабти боз ду номзад ба интихоботи Русия


Раҳбарони аҳзоби либерал-демократ ва коммунисти Русия Владимир Жириновский ва Геннадий Зюганов ҳамчун номзад ба интихоботи моҳи марти раёсатҷумҳурии Русия сабти ном шуданд. То кунун Куммиссиюни интихобот ду номзад – сарвазир Владимир Путин ва раиси ҳизби Русияи боадолат Сергей Мироновро сабти ном карда буд. Чанд довталаби дигар, аз ҷумла миллиардер Михаил Прохоров, низ аз азми худ барои ширкат дар интихоботи 4 март дарак додаанд.
Путин дирӯз гуфт, қасди то интихобот баргаштан ба мақоми раёсатро надорад. Дар матбуот ҳадс мезананд, ки шояд Путин дар пасманзари мавҷи эътирозҳо ҳанӯз то интихобот ба Кремл баргардад.
XS
SM
MD
LG