Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷиказот" дар соли 2012 низ газ нахоҳад дошт


Дарвозаи "Тоҷиказот" дар шаҳри Сарбанд

Дарвозаи "Тоҷиказот" дар шаҳри Сарбанд

Ширкати давлатии “Тоҷиктрансгаз” аз таъмини гази табиӣ ба корхонаи “Тоҷиказот” дар соли 2012 даст кашидааст. Мудири “Тоҷиказот” Тоирхон Ғозиев гуфтааст, ки онҳо барои соли оянда 65 миллион метри мукааб газ хоста буданд, вале ин дархост ба далели зарурати тармими чанд қисмати лӯлаи гази Душанбе –Сарбанд радд шуд. “Тоҷиказот” махсуси тавлиди нуриҳои минералӣ буда, дар гузашта хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон ва ҷамоҳири атрофро бо карбамид ва селитра таъмин мекард. Вале ин корхонаи марбут ба як сармоядори украин имсол ба иллати набуди газ ҳамагӣ 8 рӯз кор кард.
XS
SM
MD
LG