Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳри ноороми Ҳумси Сурия мунтазири нозирон


Қарор аст, имрӯз нозирони Иттиҳодияи Араб ба шаҳри ноороми Ҳумси Сурия бираванд, ки як саҳнаи аслии тазоҳуроти зиддидавлатӣ табдил шудааст. Ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқ, танҳо рӯзи сешанбе нерӯҳои давлатӣ бо тонкҳо маҳаллаҳои шаҳри Ҳумсро нишон гирифта ва дасти кам 30 нафарро куштанд. Баъди бобмгузориҳои хунини рӯзи ҷумъа дар шаҳри Димишқ, ки 44 кушта бар ҷой гузошт, ҷангҳо дар Ҳумс шиддат гирифтаанд. Панҷоҳ нозир ҳамроҳ бо 10 мақоми расмии дигари Иттиҳодияи Араб дар талоше барои поён додан ба хунрезиҳои нӯҳмоҳаи миёни нерӯҳои давлатӣ ва мухолифони давлати раиси ҷумҳур Башшор Асад ба шаҳри Ҳумс мераванд.
XS
SM
MD
LG