Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаъоли мухолифини Озарбойҷон афв шудааст


Ҷаббор Савалонлӣ
Ҷаббор Савалонлӣ
Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев бо судури як фармон 92 нафар, бо шумули фаъоли ҷавон Ҷаббор Савалонлиро афв кард. Савалонлӣ, узви 20-солаи Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон, дар пайи нашри даъват ба эътирозҳои зидди давлат дар Facebook дар моҳи май бо ҷурми нигоҳ доштани маводи мухаддир ба 2,5 соли зиндон маҳкум шуд. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ мегуфтанд, ки ҳабси ӯ ба фаъолиятҳои сиёсиаш рабт дорад. Аммо дар феҳрасти ахири афв номи 14 фаъоли дигаре, ки барои ширкат дар эътирозҳои моҳи апрел то 3 сол ҳукми зиндон гирифта буданд, нест.
XS
SM
MD
LG