Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урдугоҳи Ашрафро билохира мекӯчонанд


Тазоҳуроти рӯзи 9 декабр дар урдугоҳи Ашраф
Тазоҳуроти рӯзи 9 декабр дар урдугоҳи Ашраф
СММ бо давлати Ироқ созишномае имзо кард, ки кӯчондани як гурӯҳи мухолифи давлати Эронро ба ҳадаф дорад. Дафтари кумакҳои СММ дар Ироқ гуфт, тибқи ин қарордод, Ироқ сокинони урдугоҳи Ашрафро ба маконҳои муваққат хоҳад кӯчонд ва баъдан Идораи паноҳандагони СММ бо ин афрод ҷиҳати таъйини мақоми паноҳандагии онҳо ва истиқрори доимӣ дар хориҷ аз Ироқ вориди гуфтугӯ хоҳад шуд. Дар урдугоҳи Ашраф тақрибан 3400 тан аз пайравони созмони Муҷоҳидини халқи Эрон ба сар мебурд. Режими Саддом Ҳусейн ҳанӯз дар даврони ҷанги Ироқу Эрон дар солҳои 80 ба ин гурӯҳи чирикӣ дар қаламрави Ироқ паноҳ дода буд.
XS
SM
MD
LG