Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як размоиши баҳрӣ дар Эрон шурӯъ мешавад


Артиши Эрон мегӯяд, имрӯз ба як размоиши бузурги баҳрии 10 –рӯза дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, як роҳи аслии воридоти нафт ба бозорҳои ҷаҳонӣ шурӯъ мекунад. Ҳабибулло Саёрӣ, фармондеҳи нерӯҳои баҳрии Эрон, гуфт, тамринҳои низомӣ таҳти унвони “Вилоят-90” дар паҳнои васеъе аз гулӯгоҳи Ҳурмуз то Халиҷи Аден баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи Ҳабибулло Саёрӣ, дар ин размоиш ”азму қудрати дифоъии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва ҳам паёми сулҳу дӯстӣ аз Гулӯгоҳи Ҳурмуз то Баҳри Уммон ва обҳои байналмилалӣ дар Уқёнуси Ҳинд ба намоиш гузошта мешавад.” Бештар аз сеяки киштиҳои нафткаши ҷаҳон аз Гулӯгоҳи Ҳурмуз аз наздики соҳилҳои Эрон убур мекунанд. Ба хотири боз нигаҳ доштани ин гулӯгоҳ Амрико дар атрофи Халиҷи Форс киштиҳои худро мустақар кардааст.
XS
SM
MD
LG