Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯро қонуншиканиҳо дар интихоботро баррасӣ мекунад


Михаил Федотов

Михаил Федотов

Шӯрои ҳуқуқи башари назди раисиҷумҳури Русия пешниҳод намуд, ки дар интихоботи президентӣ кормандони полис риояи қонуни интихоботро таҳти назорат бигиранд.

Дар ин бора раиси Шӯро Михаил Федотов ба хабаргузории “Интерфакс” иттилоъ дод ва афзуд, ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки мавзӯъи ҳузури додситонҳо дар қитъаҳои интихоботӣ ҳам баррасӣ шавад. Ва аммо Додситонии кулии Русия изҳор намуд, ки ин ғайримумкин аст, зеро теъдоди кормандони додситонӣ зиёд нест.

Шӯрои ҳуқуқи башари назди раисиҷумҳури Русия ҳамчунин мавзӯи қонуншиканиҳо дар интихоботи Думаи давлатиро ҳам баррасӣ мекунад. Раиси Комиссиюни марказии интихоботи Русия Владимир Чуров қаблан эълом дошт, ки имкони ширкат дар ин нишастро надорад.
XS
SM
MD
LG