Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи шанбе машқҳои нируҳои дарёии Эрон оғоз мешавад


Нируҳои дарёии Эрон дар обҳои гулӯгоҳи Ҳурмуз машқҳои низомии даҳрӯза анҷом медиҳанд. Дарёсолор Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ-фамондеҳи нируҳои дарёӣ аз телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки ин машқҳо мисли машқҳои Вилоят-90 буда, рӯзи шанбе оғоз мешавад. Ба гуфтаи вай, миқёси ин машқҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмуз то халиҷи Аданро дар бар мегирад. Сайёрӣ гузоришҳои матбуотии Эронро такзиб кард ва гуфт, ки дар ҷараёни ин машқҳо гулӯгоҳи Ҳурмуз баста нахоҳад шуд. Тақрибан 40 дарсади киштиҳои нафткаши ҷаҳон аз ҳамин гулӯгоҳ мегузаранд.
XS
SM
MD
LG