Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷирон дар асорати тарма. Ин бор дар Оши Қирғизистон


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Мусофирони даҳҳо худрав бо рақамҳои тоҷикӣ дар вилояти Оши Қирғизистон “асир”-и тарма гаштаанд.

Бар асари фаромадани тарма дар роҳи мошингарди Ош-Саритош-Иркештами Қирғизистон ҳудуди 100 худрав банд мондааст, ки аксари онҳо рақами тоҷикӣ доштаанд.

Ин роҳест, ки Қирғизистонро бо Чин пайванд медиҳад ва одамони бандмонда зоҳиран тоҷироне ҳастанд, ки ҳангоми бозгашт аз Чин дар "муҳосира"-и тарма уфтодаанд.

Як тан аз ин афроди бандмонда бо номи Евгений ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, онҳо шаш рӯз инҷониб дар “муҳосира” ба сар мебаранд. Бино ба гуфтаи ӯ, онҳо талош кардаанд, то бо Вазорати ҳолатҳои изтирории Қирғизистон тамос бигиранд. “Онҳо ваъдаи кӯмак карданд, вале то ҳанӯз ин кӯмакҳоро дарёфт накардаем”,-гуфтааст Евгений. Ба қавли ин шаҳрванди Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир захираи ғизову оби онҳо кам боқӣ мондааст.

Ин дар ҳолест, ки Ҳайбулло Латифов, раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфтааст, онҳо бо ҳамтоёни қирғизи худ дар тамосанд ва ҷониби Қирғизистон ваъда додааст, ки ба шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон кӯмаки худро мерасонад.

Бо ин вуҷуд, расонаҳои Қирғизистон бо такя ба манобеи худ дар Вазорати нақлиёти ин кишвар навиштаанд, дар пайи боду бӯрони сахт қитъаи роҳи мошингард дар Ош-Саритош-Иркештам баста шудааст.

Қатъи ҳаракат дар роҳи миёни Чину Тоҷикистон аз гузаргоҳи Кулма, маҷрои мол ва нақлиётро аз Чин ба Тоҷикистон дубора ба масири Қирғизистон баргардонидааст. Ба гуфтаи масъулони Идораи роҳи вилояти Бадахшон бо резиши нахустин барф ронандагони чинӣ ба далоили амниятӣ аз интиқоли бор ба Тоҷикистон худдорӣ меварзанд.

Сардори шӯъбаи иктисоди ҳукумати вилояти Бадахшон Латиф Шозодаев мегӯяд, ин кор ҳадди ақал то 1-2 соли дигар ва то оғози фаъолияти доимии роҳи миёни Тоҷикистону Чин ба воситаи Кулма идома хоҳад кард.

Зоҳиран, мақомот интизори тасмими тарафи Чин дар бозсозии роҳанд, ки қарор аст, соли оянда оғоз шавад. Ин аст, ки дар ҳоли ҳозир барои тоҷирони тоҷик масире ба ҷуз аз Қирғизистон ва чорае ба ғайр аз таҳаммули пардохтҳои ҳангуфту банд мондан дар чанголи тарма чизи дигаре боқӣ намемонад.
XS
SM
MD
LG