Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи Душанбе-Чаноқ ба як минтақаи бархӯрди манфиатҳои ширкати IRS, пулиси роҳ сокинони канори ҷода, ронандагон ва тоҷирон табдил шудааст.

Ширкати IRS, ки ахири соли 2009 дар минтақаи оффшори ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё аз сӯи шаҳрванди Тоҷикистон номнавис шудааст, дар соли 2010 бар асоси қонуни консессионии Тоҷикистон назорати ин роҳро бо усул ва шеваҳои толлингии истифодаи ин роҳ бар ӯҳда гирифт. Ин буд, ки истифодабараии ин роҳро пулакӣ кард.
Аз пулакӣ шудани ин роҳ ҳеҷ кас розӣ нест. Аз роҳ, ки пул мегиранд, нархҳо дар бозорҳо баланд мешавад...

Бар асоси роҳандозии механизми толлингӣ ё роҳи пулакӣ ва ҳамчунин қарори ҳукумати Тоҷикистон, дар ин роҳ бояд постгоҳҳои идораи бозрасии автомобилӣ аз байн бардошта шаванд, вале ин меъёр то андозае муроот намешавад ва дар сафари дурӯза дар ин роҳ шоҳиди ташкили чанд посгоҳҳои сайёр аз сӯи пулиси роҳ шудем.

"БА ЧАШМ НАБИНӢ, БА ГӮШ БОВАР НАКУН"

Барои мисол Боймурод Шукуров, корманди идораи бозрасии автомобилии вилояти Суғд дар деҳаи Курканти ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо ду пулиси роҳ, ки якеаш баробари аз мошин пиёда шудани хабарнигорон фирор кард, пости сайёр ташкил карда мошинҳои борбарро нигоҳ медоштанд.

Боймурод Шукуров, дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди ришвахории кормандони пулиси роҳ гуфт: «ба чашм набинӣ, ба гӯш бовар накун, ронандаҳо ҳарчӣ гуфтан мегиранд. Масалан, мардум мегӯянд, ки мо плаза ё тарозуи ширкати IRS-РО метарконем. Чаро сабабашро ҳеҷ кас намепурсаду танҳо ба ГАИ мечаспанд. Ман кори худама хуб медонам.»

Ба гуфтаи Боймурод Шукуров, онҳо ҳастанд, ки ин роҳро назорат мекунанд ва аз садамаву қочоқи маводи мухаддир дар ин роҳ ҷилавгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи вай, худи ӯ чанд рӯзе қабл ҳудуди 50 кило маводи мухаддирро кашфу мусодира кардааст. Вай мегӯяд, оё кормандони ширкати IRS аз қочоқи маводи мухаддир ва садамаҳо метавонанд ҷилавгирӣ кунанд?

IRS НАЗАРИ ДИГАР ДОРАД...

Дар ҳамин ҳол Рустам Абдуллоев, раиси фаннии ширкати «IRS» вуҷуди пулситонӣ аз
Тазоҳуроти зидди роҳи пулакӣ
сӯи пулиси роҳро таъйид кард ва гуфт, «шикоятҳои хаттӣ ва шифоҳии ронандаҳо дар бораи пулситонии полиси роҳ дар дасти мо ҳаст ва ба назарам ташкили постҳои сайёр ин худсарии бархе аз кормандони полиси роҳ аст. Зеро раҳбарияташон ба онҳо дастур додаанд, ки танҳо назорати роҳро ба тариқи патрулӣ анҷом диҳанд.»

Ҷаноби Абдуллоев гуфт, ки дар ин бора мақомоти ширкати IRS бо мақомоти вазорати корҳои дохилӣ гуфтугӯ ва дар бораи аз байн бурдани постгоҳҳои давлатӣ тавофуқ карданд.

ДАР ЯК МИНБАР ДУ МУЛЛО НАМЕҒУНҶАД

Ширкати IRS дар ин кашмакашҳо талош дорад, ки ҳузури пулиси роҳро коҳиш диҳад то ронандаҳо сангинии роҳпулӣ барои ин ширкатро эҳсос накунанд. Пулис дар навбати худ барои аз даст надодани ба қавле «бурдаи нони худ» пофишорӣ мекунад. Аммо мардум
ҳамон тавре, ки дар сӯҳбат бо тоҷирону ронандаҳо дар бозори Панҷшанбеи Хуҷанд огоҳ шудем, аз ҳар ду безоранд: «аз пулакӣ шудани ин роҳ ҳеҷ кас розӣ нест. Аз роҳ, ки пул мегиранд, нархҳо дар бозорҳо баланд мешавад».

«роҳ асфалт шуд нағз, барои хидматрасонӣ дар роҳ низ пул додан даркор, вале бояд арзон шавад».

«ба назари ман бепул кунанд беҳтар, чаро ки дар ҳоли ҳозир агар ба як сомон бор гирӣ, маҷбур мешавӣ ба болояш як сомонӣ дигар зам кунӣ. Агар кашондани маҳсулоти хӯрокаро дар ин роҳ бепул кунанд, нархҳо дар бозорҳо арзон мешаванд».

«пештар аз Душанбе мул бор меомад, ҳозир роҳкиро, ки қимат шудагӣ бор камтар меояд. Мисли кишварҳои дигар мо роҳи алтернативӣ надорем ва маҷбурем роҳкироӣ сангин супорем».


МАРДУМ ШИКОЯТ, IRS РАД МЕКУНАД

Аммо раҳбарияти ширкати IRS бар хилофи назари тоҷирону ронандагон мегӯянд, ки нархи роҳпулие, ки ин ширкат меситонад, гарон нест. Рустам Абдуллоев, дар ин бора афзуд: «мошинҳо калонҳаҷм ва бисёр рафту омад мекунанд, барои як самт 450 сомонӣ месупоранд, барои рафту омад 900 сомонӣ. Азбаски ин бори тоҷиронанд ва ин пул болои қимати мол зам шавад, ба нарзи бозор таъсири зиёл намерасонад».

Аммо ба гуфтаи тоҷирон таъсири роҳи пулакист, ки як кило сабзӣ дар бозор ба 4 сомонӣ ва як кило пиёзи баҳорӣ ба 7 сомонӣ расидааст. Гузашта аз ин ронандагони мошинҳои борбар низ фаъолияти ширкати IRS розӣ нестанд. Барои мисол Рашид Ғафуров, ронадаи КАМАЗ гуфт, ки ин ширкат, ки танҳо барои минтақаҳои ҳамвори Душанбе -Чаноқ пул мегирад, ба фаъолияташ созгор нест.

Вай афзуд, «ман 528 сомонӣ роҳпулӣ ба ширкати IRS роҳпулӣ пардохт мекунам. Роҳро чӣ хел нигоҳубин мекунанд, ман намедонам, вале медонам, ки роҳ барои ситондани ин миқдор пул намеарзад, зеро аз минтақаи Ҳушёрӣ сар карда то поёни ағбаи Шаҳристон ин роҳ дар ихтиёри ин ширкат нест. Ҳол он, ки зимистон ронандагон чанд шабу рӯз дар минтақаи Майхӯра дар мемонанд ва ин ширкат мегӯяд, ки ин минтақаи роҳ аз мо нест. Пас барои чӣ пул мегирад?»

ҚИСМАТҲОИ РОҲ ҶАВОБГӮИ ТАЛАБОТ НЕСТ


Воқеан, ҳам ширкати «IRS» ин минтақаи кӯҳии роҳро дар ихтиёр нагирифтааст. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Сафаров, сармутахассис вазорати нақлиёти Тоҷикистон, агарчанде ин минтақаи роҳ дар ихтиёри вазорат боқӣ мондааст, вале вазорат барои таъмиру нигоҳубини он маблағ ихтисос надодааст. Зеро умедвор буд, ки бар асоси қонун ин қисматро низ ширкати IRS бар ӯҳда мегирад.

Вай афзуд: «ин минтақаи роҳро бояд ин
ширкат дар соли 2010-ум мегирифт, дар ин бора фармони вазорат низ буд. Вале ҳамон шабу рӯз чанд тарма рехту роҳ бад шуд ва ин ширкат ақибнишинӣ кард. Ҳоло ин ширкат талаб дорад, ки вазорат ин роҳро тоза кунад ва баъд мо дар ихтиёри худ мегирем.»


ХАТАР ҲАНӮЗ РАФЪ НАШУДААСТ


Аммо Рустам Абдуллоев, раиси фаннии ширкати «IRS» бар ин назар аст, ки барои таъмиру тоза кардани ин минтақаи роҳ маблағи зиёд даркор аст ва агар вазорат ин корро анҷом диҳад, як коммиссия ташкил карда онҳо ин роҳро дар баланси худ мегиранд.

Хулоса минтақаи аз ҳама муҳими ин роҳ аз Ҳушёрӣ то поёни ағбаи Шаҳристон дар ҳоли ҳозир бесоҳиб аст, ки ба ҷони ронандаву мусофирҳо хатари ҷиддӣ дорад. Ба гуфтаи мутахассисон, агар ин ҳолат як соли дигар идома ёбад, ин минтақаи роҳро дубора бояд сохт.

Дар ҳоле, ки ширкати «Чайна Роад» -и Чин, ки ин роҳро ба пули будҷаи Тоҷикистон ва бо қарзи Чин навсозӣ кардааст, тазмини 13- солаи истифодаи ин роҳро додааст. Пас оё пулакӣ кардани дигар аз роҳҳои Тоҷикистон низ ба ҳамин шева сурат мегирад ва Тоҷикистону мардуми он аз ин чӣ суде ба даст меорад?!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG