Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гумонбарони ташкили беназмиҳо дар Жанаозен


Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон панҷ гумонбари ташкили бенизомиҳои охири ҳафтаи гузашта боздошт шуданд. Дар ин бора “Интерфакс” бо такя ба коменданти Жанаозен Амонжол Қобилоҳ иттилоъ додааст. Ному насаби боздоштшудаҳо ошкор нашудааст.

Ба гуфтаи Қобилов, бар асари беназмиҳо дар шаҳр 14 нафар ба ҳалокат расида, 99 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Имрӯз дар шаҳраки Жетибой, воқеъ дар ғарби Қазоқистон, ҳамоише пароканда шуд, ки ширкаткунандагонаш аз ҳукумат иттилои воқеъӣ дар бораи ҳаводиси Жанаозенро дархост карданд.

Аз ин пеш аъзои комиссиюни мустақили тафтиши ҳаводиси Жанаозен хабар доданд, ки ба онҳо иҷозаи вуруд ба шаҳрро надоданд, ҳарчанд ин мавзӯъ қаблан бо ҳукумат ҳамоҳанг шуда буд.
XS
SM
MD
LG