Пайвандҳои дастрасӣ

Мотам дар Кореяи Шимолӣ 11 рӯз идома хоҳад кард


Дар Кореяи Шимолӣ маросими мотам бино ба даргузашти сарвари кишвар Ким Чен Ир 11 рӯз идома хоҳад кард.

Як рӯз пеш тобути шишагин бо ҷасади Ким Чен Ир дар мақбарае гузошта шуд, ки он ҷо падараш Ким Ир Сен макони охират пайдо кардааст.

Номи раҳбари нави Кореяи Шимолӣ ҳанӯз эълон нашудааст ва аммо нозирон шубҳае надоранд, ки ин мақомро Ким Чен Ин, писари хурдии Ким Чен Ир, ишғол хоҳад кард. Расонаҳои кишвар аз ӯ аллакай чун аз “раҳбари бузурги ҳизб, артиш ва мардум” ном мебаранд. Сафирони кишварҳои хориҷӣ ҳам ба Ким Чен Ин бино бар даргузашти сарвари Кореяи Шимолӣ изҳори тасаллият мекунанд.
XS
SM
MD
LG