Пайвандҳои дастрасӣ

Тасвиби таҳримҳои нави Амрико зидди Беларус


Ҳарду палатаи Конгресси Иёлоти Муттаҳида қонунеро ба тасвиб расонданд, ки таҳримҳои зидди Беларусро барои саркӯби тазоҳуроти пасоинтихоботӣ густариш ва тақвият медиҳад. Ин қонун, ки таҳрири аввали он қаблан тасвиб шуда буд, чораҳои зидди Беларусро афзоиш додааст. Ба дунболи интихоботи 19-уми декабри соли 2010, ки дар он президенти феълӣ Аляксандр Лукашенко пирӯз дониста шуд, садҳо нафар аз норозиён, аз ҷумла ду номзади президентӣ боздошт шуда, ҳанӯз ҳам дар маҳбас ба сар мебаранд. Қарор аст, тарҳи нав баъд аз имзои раисиҷумҳур Барак Обама ҳукми қонунро касб кунад.
XS
SM
MD
LG