Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Қирғизистон ҳабси абади Аскаровро тағйир надод


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз қарори Додгоҳи Олии Қирғизистон, ки ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаров, фаъоли узбактабори ҳуқуқи башарро бетағйир боқӣ гузошт, изҳори таассуф кард. Додгоҳ гуфтааст, ҷурми Аскаров тасдиқ шуда ва ҳукми ҳабси ӯ тағйир нахоҳад ёфт. Аммо додгоҳ қарор кард, ҳукми яке аз ҳамроҳони Аскаров, Мунира Мамадалиева аз 20 сол то 11 сол кам карда шавад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҷараёни тафтиш ва мурофиаи Аскаровро қаноатбахш нашумурдааст. Аскаров ба ташкили беназмиҳо, ангезиши танаффури қавмӣ, гаравгонгирӣ ва ташвиқ ба куштор айбдор шудааст.
XS
SM
MD
LG