Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини президенти Ироқ иттиҳомотро рад кард


Ториқ ал Ҳошимӣ
Ториқ ал Ҳошимӣ
Ториқ ал Ҳошимӣ-муовини раиси ҷумҳури Ироқ ва болотарин мақоми пайравони мазҳаби суннӣ дар ҳукумати ин кишвар иттиҳомотеро рад кард, ки гӯё дастур додааст, то мақомоти ҳукуматиро бикушанд. Рӯзи душанбе вазорати дохилаи Ироқ эълон кард, ки дастури боздошти Ҳошимӣ содир шудааст ва вай ба терроризм муттаҳам дониста мешавад. Ҳамчунин сафари Ҳошимӣ ба хориҷ мамнӯъ эълон шудааст. Баъд аз судури фармони боздошт Иёд Алавӣ-нахуствазири пешини Ироқ ва раҳбари Ироқия рӯзи душанбе дар Аммон гуфт, вай ҳарос дорад, ки ҷангҳои мазҳабӣ ба Ироқ барнагардад:

"Дар чашми ҳамаи мардум ва ҷаҳониён дар Ироқ демократия таҷовуз ва комилан хароб мешавад ва мо ҳарос дорем, ки он боиси бозгашти ихтилофоти мазҳабӣ ва хунрезӣ нашавад”.

Гурӯҳи Ироқия намояндагии аъзои худро дар порламон боздошт ва далелаш он аст, ки мақомҳои калидӣ дар ҳукумат дар ихтиёри шиаҳост, вале танҳо Нурӣ ал Моликӣ аз шиамазҳабон мақоми нахуствазириро ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG