Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯраҷонзода: "Пикет дар Маскав дасиса аст"


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ташкили пикет дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскавро “дасиса" хонд.

Ҷаноби Тӯраҷонзода дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қатъан мухолифи ҳар гуна эътироз дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои ҳимоят аз хонаводаи худ мебошад.

Ӯ мегӯяд, хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бо ҳукумати Тоҷикистон, махсусан раисиҷумҳури ин кишвар, ихтилофе надоранд. Вале ба қавли ҷаноби Тӯраҷонзода "байни мо ва баъзе аз мансабдорҳои ҳукуматӣ ва Шӯрои уламо ихтилоф аст, ки талош дорем, то дар доираи қонунҳои мавҷудаи кишвар ҳал бишавад."

Ин рӯҳонӣ ва сиёсатмадор бовар дорад, ки "пикети гурӯҳи ношинос" талоше барои шӯронидани раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон алайҳи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳост. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ин пикет дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сурат мегирад.

Вай гуфт, "ин дасиса аст. Мо эҳтиёҷ ба ҳеҷ гуна пикет дар хориҷ аз кишвар надорем. Ин барои беобрӯ кардани Тоҷикистон, махсусан, раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки дар Маскав қарор дорад. Шояд инро гурӯҳҳое мекунанд, ки мехоҳанд раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо хонаводаи мо "ҷанг" андохта ва ба ӯ бигӯянд, ки бубинед, инҳо чӣ касоне ҳастанд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00
Линки мустақим


Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд, шахсеро бо номи Баҳром Ҳамроев намешиносад ва намедонад, ки ӯ кисту бо ташкили пикет чӣ мехоҳад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, тамосҳояш бо шумораи телефоне, ки дар пайи эълони пикет дар хабаргузориҳо навишта шудааст, беҳосил будааст. Ҷаноби Тӯраҷонзода аз ҳамаи дӯстону наздикон ва ҳаводорони худ хостааст, ки дар ин пикет иштирок накунанд ва худро аз ҳар гуна дасисае, ки ба эҳтимоли ғолиб ба манфиати онҳо нест, дур бигиранд.

Аммо Баҳром Ҳамроев, як ҳомии ҳуқуқи башари Узбакистон, ки созмондиҳандаи ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафорати Тоҷикистон мебошад мегӯяд, ки аз ин иқдоми онҳо Тураҷонзода аслан дарак надорад.

Баҳром Ҳамроев афзуд, ки ин ҳамоиши онҳо барои як Тураҷонзода нест, онҳо барои халқи Тоҷикистон, дар назди сафорати ин кишвар ҷамъ меоянд: «Медонед дар Тоҷикистону Узбакистон мардум ҳарфи ҳақро зада наметавонанд. Ҳатто ҳамин изҳороти Тураҷонзода, ки пикетро маҳкум мекунад, ба маъное ҳаст, ки шояд ӯро фишор меоранд.»

Аммо коршиносон ва соҳибназарони тоҷик, ки аз тариқи сомонаҳо ва дигар расонаҳои хабарӣ ҷараёни ин ҳамоиши эътирозиро мушоҳида доранд, ба як намоиши худҷӯш будани будани он шубҳа доранд ва онро як иқдоми тарҳрезишудаи боҳадаф арзёбӣ мекунанд.

Абдуллоҳи Раҳнамо
Абдуллоҳи Раҳнамо
Ба назари Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси Маркази стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ҳадафи аввал шӯронидани муҳоҷироне дар Маскав мебошад, ки ба хонаводаи Тураҷонзодаҳо эҳтиром доранд. Ва бо ин мехоҳанд баҳси байни хонаводаи Тураҷонзодаҳо ва Шwрои уламоро доман зананд.

Дар мавриди ҳадафи дуввум ҷаноби Раҳнамо чунин мегӯяд: «Нуктаи дуввум ва асосӣ ин аст, ки чун фазои сиёсии Тоҷикистон бо Русия дар моҳи ахир солим набуд, ҳамин шароит фароҳам овардан, чашм пӯшидан ва ё шароит фароҳам овардан барои баргузории ин эътироз ва иҷозат додан барои он, яъне дар ҳоли ногувор қарор додани ҳукумати Тоҷикистон аз тарафи нерӯҳои алоҳидае дар Русия мебошад. Мо ҳадафҳои ғаразноки ҳамин нерӯҳоро, ки аз буҳрон мехоҳанд ба суди худашон баҳра бардоранд, маҳкум мекунем.»

Суоли дигаре, ки бештар мавриди таваҷҷуҳи доираи сиёсии Тоҷикистон қарор гирифтааст, аз тарафи як ҳомии ҳуқуқи Узбакистон Бахтиёр Ҳамроев созмон дода шудани ин ҳамоиши эътирозӣ дар назди сафорати Тоҷикистон мебошад. Ва ҳамчунин суол гузошта мешавад дар ҳоле, ки Русия барои баргузор кардани ҳамагуна музоҳира ба шаҳрвандони худ ба сахтӣ иҷозат медиҳад, чаро ба ин роҳатӣ ба пикети зидди Тоҷикистон иҷозат додааст?

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд, ки "баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ дар кишваре мисли Русия як иқдоми маъмулӣ мебошад. Ва инро ба муносибати сарди Тоҷикистону Русия ва ё ҳадафи онро доман задан ба фазои дохилии Тоҷикистон арзёбӣ намудан чандон дуруст нест. Мо ҳоло мунтазир бошем, ки мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев дар чӣ шароит ва бо чӣ натиҷа сурат мегирад."

Дар зимн пикет дар ҳоле баргузор мешавад, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мулоқот бо раҳбарони ИДМ ба Маскав омадааст.

Султони Ҳамад, коршиноси мустақил
Султони Ҳамад, коршиноси мустақил
Коршиноси мустақили тоҷик Султони Ҳамад низ мегӯяд, ки ин намоиш машкук ба назар мерасад: «Фикр намекунам, ки Баҳром Ҳамроев зидди ҳукумати Узбакистон ҳам бошад. Мо бори аввал номи ӯро мешунавем. Ин мумкин аз афроди худи Узбакистон бошад. Ин як навъ дасисаву фитна аст. Ин идомаи ҳамон компанияе мебошад, ки дар қазияи халабонҳо эҷод карда буданд. Ин шояд идомаи амалҳоест, ки ҳукумати Узбакситон роҳи оҳани худро тарконда роҳи вагонҳоо манъ кардааст.»

БАҲСИ ОЛИ ТУРАҶОН ВА ШӮРОИ УЛАМО

Баҳси байни Тӯраҷонзодаҳо ва Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз баёнияи танқидии Шӯрои уламо оғоз шуд, ки дар он хонадони Тураҷонзодаҳо ба баргузории маросими Ошӯро муттаҳам шудаанд. Шӯрои уламо аз Тӯраҷонзодаҳо даъват кард, агар тағйири мазҳаб карда бошанд, масҷидро аз нав номнавис кунанд.

Аммо Тураҷонзодаҳо пайравии худро аз мазҳаби шиа рад карда ва гуфтанд, ки ёдоварӣ аз қатли набераи паёмбари ислом ҳеҷ монандие ба Ошӯрои шиаҳо
Cаидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо Тоҷикистон
Cаидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо Тоҷикистон
надошт. Дар навбати худ хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо Шӯрои уламоро барои тӯҳмат, тақаллуб дар таҳияи баёния аз номи рӯҳониён ва адами таҳаммулпазирӣ муттаҳам намуд.

Ба дунболи ин баҳс, Кумитаи дин баргузории намози ҷумъа дар масҷиди “Муҳаммадия”-ро барои се моҳ манъ ва Нуриддин Тӯраҷонзодаро бо бародараш Маҳмудҷон Тураҷонзода аз имоматӣ барканор кард.

Мақомот мегӯянд, намозгузорони масҷиди "Муҳаммадия" рӯзи ҷумъаи 9 декабр зимни ворид шудани намояндагони ҳукумат ва муфтии Тоҷикистон нисбат ба онҳо беэҳтиромӣ карда ва муассисони масҷид, ки бародарон Тӯраҷонзодаҳо ҳастанд, аз ин амали пайравони худ ҷилавгирӣ накардаанд. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар як сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо танҳо мехостанд бо бародарон Тӯраҷонзодаҳо сӯҳбат бикунанд, вале намозгузорону "мизбонон" нагузоштаанд, ки ин сӯҳбат дар фазои дӯстона сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG