Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯраҷонзода раиси Шӯрои уламоро ба додгоҳ мекашад


Дар акс: Намояндагони ҳукумат, хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва намозгузорон дар масҷиди Муҳаммадияи ноҳияи Ваҳдат, 9 декабри соли 2011
Дар акс: Намояндагони ҳукумат, хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ва намозгузорон дар масҷиди Муҳаммадияи ноҳияи Ваҳдат, 9 декабри соли 2011

Шаҳрдори Ваҳдат ба намояндагӣ аз раисиҷумҳур гуфт, Акбар Тӯраҷонзода бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Тӯраҷонзода гуфт, тасмим дорад, раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро барои баёнияи, ба гуфтаи ӯ, тӯҳматомез ва паст задани шаъну шарафи Тӯраҷонзодаҳо ба додгоҳ кашад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба "тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:32 0:00
Линки мустақим


Аммо ҷаноби Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад кард ва гуфт, ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид. Ӯ гуфт, изҳороте, ки аз номи Шӯрои уламо пахш шудааст бо аъзои он ҳамоҳанг нагашта ва аз тарафи онҳо пуштибонӣ наёфтааст.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ҳоле ба ин нукта ишора кард, ки рӯзи 9-уми декабр дар намози ҷумъа як ҳайати ҳукуматӣ ба шумули раиси Кумитаи дин, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, раиси шаҳри Ваҳдат ва мақомоти интизомӣ ба масҷиди “Муҳаммадия” омад, аммо намозгузорон нагузоштанд, ки баёнияи Шӯрои уламо қироат шавад. Раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон пас аз ин масҷидро тарк кард.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00
Линки мустақим


Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар гуфтугӯ ба "Озодӣ", ҳадаф аз пахши баёния ва рафтан ба масҷиди Тӯраҷонзодаҳоро на бештар кардани ихтилоф, балки ҷилавгирӣ аз тафриқандозӣ миёни мусулмонони кишвар унвон кард. Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, онҳо ният доштанд намози ҷумъаро дар фазои ором бо Тӯраҷонзодаҳо бихонанд, аммо аз сабаби сард пешвоз гирифтани меҳмонон ва ҳаёҳӯи ҷавонон ва ба хотири ноором нашудани фазои масҷид онҳо маҷбур шудаанд, ки намозро дар ҷои дигар бигузоранд.

Бино бар хабарҳо, баёнияи Шӯро уламои маркази исломӣ дар намози ҷумъаи масҷидҳои шаҳру навоҳии кишвар қироат ва ҳатто дар бархе ҷойҳо наворбардорӣ шудааст.

Дар ҷараёни боздиди намояндагони давлат аз масҷиди "Муҳаммадия" раиси шаҳри Ваҳдат Анвар Вайсиддинов ба намояндагӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, қарор аст, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад ва ин матолибро матраҳ намояд.
XS
SM
MD
LG