Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди СММ аз вазъи ҳуқуқи башар дар Сурия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ


Маҷмаи умумии Созмони Милал дар қатъномаи нави худ вазъи ҳуқуқи башар дар Сурия, Эрон ва Кореяи Шимолиро маҳкум кард. Ин санад дар ҳоле ба тасвиб расид, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал баррасии қатъномаи пешниҳодии Русияро дар мавриди Сурия шурӯъ кардааст. Дар он ҳамаи ҷонибҳои хушунат дар Сурия маҳкум мешаванд. Кумиссионери олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон Навӣ Пиллай ба Шӯрои Амният гузориш дод, ки дар саркӯби мухолифони Сурия аз моҳи март то ҳоло ба камияш 5000 нафар кушта шудаанд ва ин қатлҳо метавонанд, ҷинояти зидди башарият шумурда шаванд.
XS
SM
MD
LG