Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гепатит. Худпайдо ё дар беморхонаҳо сироят мекунад?


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз афзоиши беморони гирифтори гепатити А, Б, С хабар дод, ки дар 11 моҳи соли равон ба беш аз 6 ҳазор нафар расидаанд.

Вале омори ғайрирасмӣ теъдоди ин бемориро дар кишвар бештар рақам мезанад. Зеро на ҳамаи гирифторони ин беморӣ ба мутахассисон муроҷиат карда, худро номнавис мекунанд.

Собир, як сокини 31-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро мо дар дармонгоҳи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе вохӯрдем. Ӯ мегӯяд, муддатест, ки дарди шадиди узвҳои дарунӣ ӯро азият медиҳанд. Пизишкон пас аз ташхис дар ӯ бемории гепатити С-ро пайдо намуда ва гуфтаанд, ки аз эҳтимол дур нест, вирус ҳангоми ҷарроҳӣ ба хуни ӯ ворид шуда бошад.

Собир дар сӯҳбат бо мо гуфт, "дар оилаи мо ягон кас ин бемориро надошт ва ягон бор ҷигарам дард намекард. Ҳамеша саломатиам хуб буд. Намедонам аз куҷо ин беморӣ дар ман пайдо шудааст."

Мусоҳиби дигари мо Зӯҳро Бобоназарова низ дар ин беморхона бистарӣ аст ва мегӯяд, "ҳамсарам барои дандонканӣ рафта буд, баъд аз ҳамон гепатит шуд. Ман аввал намедонистам, ки ин беморӣ гузаранда аст. Шавҳарам худаш табобат карда сиҳат шуд, лекин ман ҳоло ҳам табобат дорам."

ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ИН БЕМОРӢ КАДОМҲОЯНД?

Пизишкони Маркази бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт, бо изҳори нигаронӣ аз вазъи афзояндаи гепатити хатарзои Б ва С, чанд омил ва заминаҳои пайдоиши ин беморӣ ва сироятёбии одамонро номбар мекунанд.

Сироҷиддин Назаров, пизишки сироятшинос
Сироҷиддин Назаров, пизишки сироятшинос
Сироҷиддин Назаров, пизишки сироятшинос дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин беморӣ бештар тариқи табобати дандон дар марказҳои дандонпизишкӣ ва низ ҳангоми ҷарроҳиҳо тариқи хун мегузарад. Дар ҳамин маркази мо чандин нафарро мо табобат кардем, ки баъди дандон кандан ё ҷарроҳиҳои дигарро гузаронидан бемор шудаанд. Бештари ин беморон ба гепатити С ва Б, ки аз ҳама шадид ва хатарзо аст, гирифтор шудаанд. Мутаассифона хеле аз мардум бо ин беморӣ ба мо муроҷиат мекунанд. Рӯзе мешавад, ки то 10-15 нафар ҳам меоянд."

Бемории гепатит, ки ба гуфтаи мутахассисон дар сурати сари вақт пешгирӣ нашудан, ба саратони ҷигар табдил меёбад, солҳои ахир боиси нигаронии мардуми оддӣ гаштааст ва дар аксар нишасту меҳмониҳо, сухан дар мавриди паёмадҳои ногувори он меравад.

НАЗАРИ ТАБИБИ МАРДУМӢ

Латофат Каримова, табиби мардумӣ мегӯяд, нафароне, ки бо ин беморӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд, нисбати чанд соли пеш ба маротиб афзудааст. Ӯ гуфт, "агар ин беморӣ нав сар шуда бошад, ман бо гиёҳҳо табобат мекунам, лекин агар гузашта бошад, онҳоро ба назди духтурон мефиристам. Ин бемории гепатит қаблан набуд. Онро худи духтурон мегузаронанд ба одамон. Домоди худи ман рафта дандонашро канда омад, гепатит шуд. Ҳоло табобат мекунад. Чаро роҳбарон ин хел духтурҳои бепарворо сахт намегиранд?"

Дар ҳоле мардум аз бепарвоӣ ва беназоратии марказҳои дандонпизикӣ шикоят мекунанд, ки духтурони сироятшинос яке аз омилҳои ба маротиб зиёд шудани ҳолатҳои сироятёбии одамонро дар чунин марказҳо, дар бемуҷозот мондани чунин духтурон медонанд.

ЧАРО ТАБИБОН МУҶОЗОТ НАШАВАНД?

Сироҷиддин Назаров, духтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе дар ин маврид чунин ибрози назар кард: "Ба назари ман, сабабаш ҳамин аст, ки мардуми мо аз Худо мебинад ва аз болои ин гуна духтурони бепарво шикоят намекунад. То кай сукут кунем. Бояд шикоят кунем. Бояд чунин духтурон муҷозот шаванд. То дигаронашон донанд, ки ин мардум бесоҳиб нест, охир."

Баҳодур, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: "Ман гепатити В дорам. Медонам, ки агар табобат накунам, ҳолам бад мешавад. Рафтам ба клиникаи Мансуров, гуфтанд ташхис 900 сомонӣ мешавад. Баргашта омадам. Пул ёбам, меравам. Намешавад, ки ҳамин ташхисро арзонтар кунанд ё барои мардуми камбағал бепул кунанд? Ман кор намекунам, аз куҷо меёбам 900 сомониро?"

Дар ҳоли ҳозир, ягона дармонгоҳи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе, барои муайян кардани вируси гепатит ташхисгоҳ надорад. Ягона дармонгоҳе, ки чунин ташхисгоҳро дорад, Маркази гастроэнрология ё машҳур ба "Клиникаи профессор Мансуров" аст, ки ташхис ва табобат дар он аз 400 то 900 сомониро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG