Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимоят аз интихоботи мустақими президенти Чехия


Маҷлиси поёнии парлумони Ҷумҳурии Чех аз ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки роҳро барои интихоби мустақими раиси ин ҷумҳурӣ боз мекунад, пуштибонӣ кард. Президенти Чехия феълан дар парлумон интихоб мешавад. Тағйири Қонуни асосиро ҳизби мухолифи сотсиал-демократ пешниҳод кард, вале эътилофи ҳоким низ аз он ҳимоят кард. Ин тағйирот бояд акнун аз сӯи Сенат низ баррасӣ шавад. Аксари курсиҳоро дар маҷлиси болоӣ сотсиал-демократҳо дар даст доранд. Интихоботи мустақими раисиҷумҳури Чехия ғолибан баъди хатми замони раёсати Ватслав Клаус дар соли 2013 ба иҷро хоҳад даромад.
XS
SM
MD
LG