Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асрор Воҳидов бо мукофоти пулӣ сарфароз шуд


Асрор Воҳидов, муштзани ҷавони тоҷик
Асрор Воҳидов, муштзани ҷавони тоҷик
Асрор Воҳидов, варзишгари ҷавони тоҷик, бо мукофоти пулии Кумитаи миллии олимпии кишвар ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз шуд. Мукофотро ба муштзани ҷавони тоҷик Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар аз номи президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тақдим кард. Инчунин Асрор Воҳидов бо унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» ва устодаш Додобек Фатҳуллоев бо унвони «Мураббии дараҷаи олӣ» сарфароз шуданд. Ёдовар мешавем, ки Асрор Воҳидов, хонандаи синфи 11-и мактаби миёнаи рақами 6-и шаҳри Исфара, имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни наврасон дар Қазоқистон дар рақобатҳо дар вазни то 48 килограмм бо медали тилло мукофотонида шудааст ва Федератсиюни байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) ӯро бо ҷоизаи “Беҳтарин боксчии ҷавони ҷаҳон дар соли 2011” сарфароз гардондааст.
XS
SM
MD
LG