Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзади нав дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия


Михайил Прохоров, яке аз сарватмандтарин афроди Русия эълом кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо Владимир Путин нахуствазири феълӣ рақобат хоҳад кард. Михайил Прохоров гуфт, қарори ширкат дар интихобот “муҳимтарин қарори ӯ будааст”. Прохоров, молики ширкати Полис Голд, панҷумин фарди сарватманди Русия маҳсуб мешавад ва ба навиштаи маҷаллаи “Форбс” соли 2010 18 миллиард доллар доштааст. Михайил Прохоров, раиси собиқи ҳизби “Правое Дело” буд, ки дар интихоботи порлумонии ҳамин моҳ камтар аз як дарсади раъйи мардумро ба даст овард.
XS
SM
MD
LG