Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нави Пиллай: "Дар Сурия 5 ҳазор нафарро куштаанд"


Навӣ Пилай, кумиссари олии ҳуқуқи башари Созмони Милал, мегӯяд, дар ҷараёни саркӯби тазоҳуротҳои зиддидавлатии Сурия бештар аз 5 ҳазор нафар кушта шудаанд. Хонум Пиллай дар гузорише ба Шӯрои Амният гуфт, дар ин миён 300 кӯдак ҳам қурбон шудааст ва ҳазорон нафари дигарро дастгир кардаанд. Навӣ Пилай дар як нишасти паси дарҳои бастаи Шӯрои Амният хост, то ҷомеаи байналмилал ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезиҳои оянда дар Сурия фавран иқдом кунад. Моҳе пеш Русияву Чин монеъи қабули қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал шуданд, ки хунрезиҳо дар Сурияро маҳкум мекард. Баъди нишасти Шӯрои Амният сафири Олмон дар Созмони Милал хостори иқдом алайҳи режими раиси ҷумҳури Русия Башшор Асад шуд.
XS
SM
MD
LG