Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Михаил Прохоров барои курсии президентӣ талош мекунад


Михаил Прохоров
Михаил Прохоров
Сармоядори рус Михаил Прохоров эълом дошт, ки мехоҳад дар интихоботи навбатии президентии Русия ширкат кунад. Ӯ имрӯз дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ки “маро кори сангине интизор аст – ҷамъоварии имзоҳо ва расман сабти ном шудан”.Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия 4 марти соли 2012 баргузор хоҳад шуд.

Михаил Прохоров тобистони соли гузашта раҳбари ҳизби “Правое дело” интихоб шуд ва аммо баъд аз чанд моҳ дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб миёни аъзои он тафриқа ба амал омад. Дар анҷуман Прохоров аз мақомаш барканор шуд ва ӯ ҳизбро тарк намуд.

Ҳизби “Правое дело” дар интихобот ба Думаи давлатии Русия аз ҳама камтар – ҳамагӣ 0,6 дар сад раъй гирифтааст.
XS
SM
MD
LG