Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъолияти масҷиди “Муҳаммадия” маҳдуд шуд


Як ҳайати ҳукуматӣ дар масҷиди "Муҳаммадия"

Як ҳайати ҳукуматӣ дар масҷиди "Муҳаммадия"

Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти масҷиди “Муҳаммадия”-и ноҳияи Ваҳдат тасмим гирифт.

Як ҳафта пеш Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашрия як баёния аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба "тағйири мазҳаб" айбдор намуд.

Дар посух Ҳоҷӣ Акбар Турҷаонзода гуфт, ки ёдбуди қатли набераи Паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон "Ошӯро" номид.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ҳамчунин гуфта буд, ки мехоҳад раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро барои баёнияи, ба гуфтаи ӯ, тӯҳматомез ба додгоҳ кашад.
XS
SM
MD
LG