Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Либия 5 ҳазор мушакро хунсо кардаанд


Як мақоми баландпояи амрикоӣ мегӯяд, гурӯҳи мутахассисони кишвараш ва Либия тақрибан 5 ҳазор мушаки замин ба ҳавои мероси режими Муаммар Қаззофиро безарар карданд. Эндрю Шапиро, муовини вазири умури хориҷии Амрико, дар умури сиёсиву низомӣ ба хабарнигорон гуфт, ҳазорон чунин мушаки дигар дар амалиётҳои ҳавоии НАТО дар аввали ҳамин сол нобуд шудаанд. Ӯ афзуд: “Гум шудани ин навъи силоҳҳо яке аз ҷиддитарин нигарониҳои мо буд, зеро дар сурати гум кардани ин мушакҳо, амнияти ҳавопаймоҳои мусофибар таҳти хатар қарор мегирифт.“ Артиши Муаммар Қаззофӣ то замони қиём алайҳи ӯ дар моҳи феврал тақрибан 20 ҳазор мушаки замин ба ҳаво доштааст.
XS
SM
MD
LG