Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА аз мувофиқатномаи Дурбан истиқбол кард


Имрӯз Иттиҳодияи Аврупо аз мувофиқатномаи нав дар бораи тағири иқлим истиқбол кард. Ин мувофиқатнома субҳи имрӯз дар конфронси СММ дар Дурбани Африқои Ҷанубӣ ба даст омад. Мувофиқатнома бори аввал кишварҳои бузурги ихроҷкунандаи газҳои гулхонаӣ Амрико ва Чинро маҷбур мекунад, ки то соли 2020 газҳои гулхонаии худро кам кунанд. Санаде, ки то ҳоло вуҷуд дорад, бо номи Протоколи Киото машҳур аст ва мӯҳлати он соли оянда ба поён мерасад. Вале мӯҳлати онро дар конфронси Дурбан барои 5 соли дигар тамдид карданд.
XS
SM
MD
LG