Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 70 қурбонии сӯхторе дар як бемористони Ҳинд


Мақомот гуфтанд, ки дар натиҷаи сӯхторе дар як бемористони шаҳри шарқии Калкутаи Ҳинд 73 нафар кушта шуданд. Мақомоти бемористон гуфтанд, ки дар миёни кушташудаҳо 70 нафарашон беморон ва се нафарашон кормандони тиб будаанд. Сӯхтор субҳи барвақт дар қисмати зеризаминии сохтмони бисёртабақаи бемористон рух дод ва базудӣ ба бахшҳои болоии он гузашт. Мақомот мегӯянд, ки ба назар мерасад кормандони бемористон бо дидани алангаҳои аввали сӯхтор беморонро дар утоқҳояшон монда фирор карданд.
XS
SM
MD
LG