Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳои натиҷаҳои расмии интихоботи парлумонии Русия


Мақомоти интихоботии Русия бояд имрӯз натиҷаҳои ниҳоии интихоботи рӯзи якшанбеи парлумониро эълон кунанд. Аз рӯи натиҷаҳои муқаддамотии Комиссиюни марказии интихоботӣ ҳизби нахуствазир Владимир Путин наздики 50 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст. Мухолифон, ки даст ба эътироз задаанд, натиҷаҳои эълоншударо мунсифонаву воқеӣ намеҳисобанд. Фаъолони мухолифин мегӯянд, ки ният доранд барои ширкат дар намоишҳои эътирозии рӯзи шанбе 30 ҳазор нафарро ба хиёбонҳои Маскав бароранд. Нахуствазир Владимир Путин, ки ният дорад дар интихоботи президентии соли оянда иштирок кунад, ИМА-ро дар ташвиқи эътирозҳо айбдор кардааст.
XS
SM
MD
LG