Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тармими косметикӣ"-и раёсат дар Узбакистон


Сенати Узбакистон бо тағйири банди 90-уми Қонуни асосии кишвар, давраҳои раёсатҷумҳуриро ду сол коҳиш дод.

Акнун раисиҷумҳури Узбакистон барои 5 сол интихоб хоҳад шуд.

УЗБАКИСТОН БА СӮИ ДЕМОКРАТИЯ ГОМ МЕБАРДОРАД?

Светлана Ортиқова, раиси кумитаи қонунгузории Сенати Узбакистон, ин иқдомро як далели мушаххаси ҳаракати Узбакистон ба сӯи эҷоди ислоҳоти демократии низом ва пайвастани ин кишвар ба хайли кишварҳои пешрафтаи демократии дунёи муосир номид.

Нашрияи расмии Узбакиситон – «Народное слово» навишт, ки коҳиши давраи раёсатҷумҳурӣ аз «таҷрубаи аксарияти кулли давлатҳои демократии дунё бармеояд» ва «воқеъияту мантиқ ва пайдарҳамии ислоҳоти демократӣ» дар кишварро ба намоиш мегузорад. Нашрия дар ин маврид аз ҷумла аз раисиҷумҳур Ислом Каримов ба сарвазир вогузор шудани масъулияти раҳбарии кобина ва таҳвили як бахши дигари салоҳиятҳои ӯ ба парлумонро мисол овардааст.

Давраи ҳафтсолаи раёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон соли 2002 дар пайи як раъйпурсии саросарӣ ҷорӣ шуд ва Ислом Каримов, ки давраи панҷсолаи раёсати ӯ дар соли 2005 ба поён мерасид, ба таври автоматӣ то соли 2007 дар қудрат монд. Дар соли 2007 Каримов боз ба як давраи дигари ҳафтсола даст ёфт, ки дар соли 2014 ба поён мерасад. Давраи панҷсолаи раёсат низ, қарор аст, сар аз интихоботи соли 2014 ҷорӣ шавад. Ин табъан дар зеҳни маҳофил ақидаеро ба вуҷуд овард, ки Ислом Каримов мисли навбатҳои қаблӣ бо чунин «тармими косметикӣ»-и Қонуни асосӣ боз ҳам мехоҳад ҳисоби давраҳои раёсаташро аз сифр шурӯъ кунад ва боз як давраи дигар дар раёсат бимонад.

"КАРИМОВ КУРСИРО РАҲО КАРДАНӢ НЕСТ"

Сурат Икромов, аз ҳомиёни маъруфи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин тағйири Қонуни асосӣ як иқдоми барои аксарият дар ин кишвар комилан ғайримунтазира буд: «Ба сурати умум, ин кори бад нест, чунки 7 сол аз ҳадд зиёд буд. Дар кишварҳои демократӣ давраҳои раёсат маъмулан бо 4 ё 5 сол маҳдуд мешавад. Аммо дар соли 2002 дар Узбакистон қарор ба ду давраи ҳафтсола шуд ва Ислом Каримов аллакай ҳарду давраро истифода бурд. Тибқи Қонуни асосӣ, ӯ танҳо ба ду давраи раёсат ҳаққ дорад, вале Каримов танҳо аз тариқи интихобот алакай 3 дафъа интихоб шуда, инак 22 сол боз бар Узбакистон ҳукумат меронад. Ва ҳанӯз маълум нест, ки оё ӯ акнун бо хатми ду давраи ҳафтсолааш канор хоҳад рафт ё на.»

Сурат Икромов дар мавриди ин, ки оё чунин шароите метавонад пеш биояд, ки атрофиёни Ислом Каримов ӯро дар соли 2014 ҳам ба тамдиди замони раёсаташ ташвиқ кунанд, мегӯяд: «Албатта. Ин як варианти хеле имконпазир аст. Ба хусус дар шароити Узбакистон, ки гардишҳои сиёсиаш хеле мубҳам ва пешгӯинашаванда аст. Ҳарчӣ шуданаш мумкин аст ва ғолибан, чунин ҳам хоҳад шуд. Чунки ҳокимон пеш аз рафтан одатан вориси худро таъйин мекунанд, вале касе вориси Каримовро на дидаасту на медонад.»

ОЁ КАРИМОВ АЗМИ ИСЛОҲОТ ДОРАД?

Дар бархе доираҳо ақидаеро ҳам талқин мекунанд, ки синни Ислом Каримов ба ҷое расидаву шояд ӯ дар поёни умр дар воқеъ мехоҳад аз худ мероси шоистаеро ба ҷо гузорад ва аз ин зовия азмаш барои ислоҳоти демократӣ ва сохтани як низоми асили демократӣ дар Узбакистон самимӣ бошад. Аммо Сурат Икромов, ҳомии маъруфи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон мегӯяд, Каримов барои чунин ислоҳот 22 сол фурсат дошт, вале ба бод дод: «Ислоҳоти демократиро метавонистанд ва мебоист кайҳо шурӯъ мекарданд. Ин як ҳарфи беҳуда аст, ки гӯё дар ин 20 сол ҳукумат ва мақомот фурсати ин корҳоро надоштанд ва танҳо акнун вақт ёфтанд. Ислоҳот дар ҳар замон шоистаи дастгирист, вале муттаассифона, дар Узбакистон ягон ислоҳот дида намешавад.»

КАРИМОВ ТАНҲО НЕСТ...

Аммо дар таърихи пасошӯравии Осиёи Марказӣ танҳо Ислом Каримов нест, ки тавассути тағйири Қонуни асосӣ замони раёсаташро тамдид кардааст. Ҳамтоёни Ислом Каримов дар минтақа – Нурсултон Назарбоев
Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев
Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев
дар Қазоқистон ва Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон – низ айни таҷрубаи тағйири замони давраҳои раёсатро ба хотири дигарбора аз сифр оғоз кардани ҳисоби давраҳои раҳбарии худ чандин бор истифода, балки ба ақидаи мунтақидони онҳо, сӯъиистифода кардаанд.

Назарбоев дар моҳи апрели соли ҷорӣ бо баргузории як интихоботи тибқи маъмул, орӣ аз рақобати ҷиддӣ, замони раёсати худ бар ин кишвари саршор аз манобеъи нафту газ ва анвоъи дигари маъодинро дастикам то соли 2017 тамдид кард. Ӯ акнун ба интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумон иқдом кардааст, ки ба ақидаи тарафдоронаш, рӯи кор овардани як парлумони дуҳизбӣ ва эҷоди заминаҳои низоми воқеъии демократӣ дар Қазоқистонро ба ҳадаф дорад. Инки Назарбоев дар ин азмаш то куҷо самимист, гузашти вақт нишон хоҳад дод.

Дар Тоҷикистон ҳам Эмомалӣ Раҳмон алакай дар солҳои 1999 ва 2003 бо тағйири Қонуни асосӣ ба касби давраҳои нави раёсат даст ёфт ва акнун метавонад дастикам то соли 2020 дар мақом бимонад.

Ва аммо таҳлилгар ва хабарнигори мустақили тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, ин насимҳои ислоҳталабӣ дар Қазоқистону инак дар Узбакистон аз инқилобҳои ахири ҷаҳони араб сарчашма мегирад, ки ҳокимони Осиёи Марказиро ба як навъ «тармими косметикӣ»-и низомҳои зери султаи худ водор мекунад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG