Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Ӯзбакистон, Қонуни Афвро тасвиб кард


Палатаи болоии порлумони Ӯзбакистон имрӯз тарҳи Қонуни афви умумро тасвиб кард, ки ба муносибати 19-умин солгарди Қонуни Асосӣ қабул шудааст. Бар асоси ин қонун, занону ноболиғон, афроди болотар аз 60 сола ва хориҷиён аз зиндон раҳо хоҳанд шуд. Қонуни Афв, афроди гунаҳкор дар ҷиноятҳои сангин ва терроризмро фаро намегирад. Ӯзбакистон рӯзи 8 декабр, рӯзи қабули Қонуни Асосиро таҷлил мекунад. Қонуни Афвро палатаи поёнии порлумони Ӯзбакистон қабул кардааст ва баъди имзои раиси ҷумҳур он ҳукми иҷро мегирад.
XS
SM
MD
LG