Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, як ҳавопаймои Амрикоро суқут додааст


Матбуоти Эрон мегӯяд, Эрон як ҳавопаймои ҷосусии бесарнишини Амрикоро дар шарқи ин кишвар суқут додааст. Хабаргузории нимарасмии Форс хабар дод, ки ҳавопаймои амрикоии RQ-170 аз сӯи нирӯҳои Эрон мусодира шудааст. Телевизиони эронии Ал-Алам, ки ба арабӣ барнома пахш мекунад, гуфт, ҳавопаймои бесарнишин бо тахриби андаке ба даст омадааст. Аммо дар бораи кай ва дар куҷо суқут додани ин ҳавопаймо гузорише нашудааст. Ин хабар дар пайи ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба сафорати Бритониё дар Теҳрон нашр шуд.
Эрон бо Амрикову ёронаш бар сари барномаҳои ҳастаии худ баҳси ҳаллношуда дорад. Теҳрон ҳар навъ қасди сохтани силоҳҳои ҳастаӣ доштани ин барномаҳояшро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG