Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳд бо қабоил барои таъмини хуруҷи нирӯҳои Амрико


Бо онки то хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Ироқ камтар аз як моҳи дигар боқӣ мемонад, низомиҳои амрикоӣ ба хотири таъмини хуруҷи амни худ баъди 8 соли ҷанги Ироқ ба ҷангиёни қабилавӣ пули нақд додаанд. Аксари мошинҳои низомии Амрико Ироқро ба қасди Кувайт ва тавассути шоҳроҳи Бағдод –Басра тарк хоҳанд гуфт. Ин масир аз аҳдофи умдаи ҷангиёнест, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд. Соли оянда камтар аз 10 000 сарбози Амрико дар Ироқ хоҳанд монд, вале 5 пойгоҳ ҳанӯз ба нирӯҳои Ироқ супурда нашудааст. Сарҳанги амрикоӣ Дуглас Криссман гуфт, ба хотири таъмини амнияти хуруҷи нирӯҳо бо беш аз 20 шайхи қабоили сокини ҷавори роҳи Бағдод-Басра иртибот барқарор кардаанд.
XS
SM
MD
LG