Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никола Саркозӣ мехоҳад дар ИА тағирот ворид кунанд


Меркел ва Саркозӣ
Меркел ва Саркозӣ
Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса гуфт, кишвараш як ҷо бо Олмон мехоҳанд барои ҳифзи пули воҳиди Аврупо, яъне евро дар Аҳдномаи Аврупо тағирот пешниҳод кунанд. Cаркозӣ дар як суханрониаш дар бораи нукоти аслии сиёсати кишвараш дар шаҳри Тулон гуфт, вай ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон рӯзи душанбе дар Порис бо ҳам мулоқот хоҳанд дошт ва дар он пешниҳодҳои муштарки худро роҷеъ ба мубориза бо бӯҳрони қарз дар қаламрави евро баррасӣ хоҳанд кард. Саркозӣ гуфт, Фаронсаву Олмон мехоҳанд Иттиҳодияи Аврупо аҳдномаи наве дошта бошад ва ин ду кишвар роҷеъ ба Иттиҳодияи Аврупо таҷдиди назар хоҳанд кард. Вале Саркозӣ дар бораи тағироти мавриди назараш чизе нагуфт. Раиси ҷумҳури Фаронса ҳамчунин гуфт, ки роҷеъ ба қарордоди Шенген бояд таҷдиди назар сурат бигирад. Тибқи ин қарордод ҳоло рафту омади озоди шаҳрвандон дар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро иҷоза дода мешавад.
XS
SM
MD
LG