Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз бад шудани авзоъ дар Осетияи Ҷанубӣ


Борис Атоев, раҳбари Кумитаи амнияти миллии Осетияи Ҷанубӣ, имрӯз ҳушдор дод, ки вазъ метавонад дар инҷо аз назорат хориҷ шавад. Ӯ гуфт, баъзе аз тазоҳургарони тарафдори номзад ба мақоми раиси ҷумҳур Алла Ҷиёеваро ба амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷумла ишғоли қароргоҳи ҳукумат таҳрик медиҳанд. Тарафдорони Алла Ҷиёева ба нишони эътироз аз лағви натиҷаҳои интихобот ва маҳрум кардани ӯ аз ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳур дар назди қароргоҳи ҳукумат ҷамъ омадаанд. Алла Ҷиёева, ки зоҳиран дар интихоботи рӯзи 27 ноябр ба рақибаш Анатолий Бибилов, номзади писандидаи ҳукумати Русия пирӯз шуда буд. Аммо додгоҳ натиҷаҳои интихоботро бо иддаъои таққалубкорӣ беэътибор эълон кард ва Алла Ҷиёеваро аз ҳаққи ширкат дар интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ маҳрум намуд. Осетияи Ҷанубӣ дар солҳои 90-ум баъди ҷанг бо Гурҷистон, худро аз ин кишвар ҷудо эълом кард ва Русия онро соли 2008 ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG