Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоӣ дар пойтахти Осетияи Ҷанубӣ


Бино ба гузоришҳо тарафдорони Алла Ҷиёева, номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳури Осетияи Ҷанубӣ дар шаҳри Схинвалӣ ҷамъ омада ва мехоҳанд ба сӯи қароргоҳҳои ҳукуматӣ раҳпаймоӣ кунанд. Алла Ҷиёева, ки зоҳиран дар интихоботи рӯзи 27 ноябр ба рақибаш Анатолий Бибилов, номзади писандидаи ҳукумати Русия пирӯз шуда буд. Аммо додгоҳ натиҷаҳои интихоботро бо иддаъои таққалубкорӣ беэътибор эълон кард ва Алла Ҷиёеваро аз ҳаққи ширкат дар интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ маҳрум намуд. Хонум Ҷиёва мегӯяд, аз ин қарор ба додгоҳ шикоят бурдааст. Осетияи Ҷанубӣ дар солҳои 90-ум баъди ҷанг бо Гурҷистон, худро аз ин кишвар ҷудо эълом кард. Русия низ пас аз ҷанги кӯтоҳи моҳи августи соли 2008 бо Гурҷистон истиқлоли Осетияи Ҷанубиро ба расмият шинохт, вале чанд кишвар ба он пайравӣ карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG