Пайвандҳои дастрасӣ

Лондон ба дипломатҳои эронӣ барои бозгашт 48 соат мӯҳлат дод


Сафорати Эрон дар Лондон баста мешавад

Сафорати Эрон дар Лондон баста мешавад

Мақомоти Бритониё дар мавриди ба таври оҷил бастани сафорати Эрон дар Лондон тасмим гирифтанд. Вазири умури хориҷии Бритониё Вилям Ҳейг зимни суханронӣ дар парлумон гуфт, ки ба кормандони сафорати Эрон 48 соат вақт дода шудааст, то ки ба ватан баргарданд.

Аз ин пеш Лондон дар бораи аз Теҳрон берун овардани дипломатҳояш хабар дода буд. Ин тасмим баъд аз ҳамлаи дирӯза ба бинои сафорати Бритониё дар Теҳрон гирифта шуд. Баъд аз ин ҳамла нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон ҳушдор дод, ки он барои Теҳрон паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт.

Шӯрои амнияти СММ, ИМА, Русия ва чанд кишвари дигар ин ҳамларо маҳкум карданд.

Рӯзи сешанбе донишҷӯёни муҳофизакори эронӣ баъд аз намоиши эътирозӣ алайҳи таҳримҳои нави зиддиэронии Лондон ба бинои сафорати Бритониё ҳамла карда, шишаҳои биноро шикастанд ва мошинҳову парчамҳои бритониёвиро сӯзониданд.
XS
SM
MD
LG