Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пизишки Майкл Ҷексон 4 сол ҳукми зиндон гирифт


Майкл Муррей
Майкл Муррей
Пизишке, ки дар Амрико барои додани меъёри кушандаи дору ба Майкл Ҷексон муттаҳам дониста мешуд, чаҳор сол ҳукми зиндон гирифт. Дар ҷараёни эълони ҳукми додгоҳ Майкл Пастор-қозии додгоҳи Лос Анҷелес ба таври ошкор таъкид кард, ки Конрад Муррей-пизишки мувозиби саломатии Ҷексон “бераҳмона масъулиятро нақз кардааст”. Қозии мурофиа гуфт, ки пизишк Муррей такрор ба такрор дар бораи муолиҷаи Майкл Ҷексон дар ҷараёни расидагӣ ба парванда дурӯғ гуфтааст. Вай барои муолиҷаи Ҷексон ба вай доруҳои қаввӣ додааст ва он хилофи савганди пизишкист.
XS
SM
MD
LG